Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бикун некиву дар дарёш андоз,
Ки рўзе дар канорат оварад боз.
Фахриддини Гургонӣ

Пушаймон нагардад кас аз кори нек,
Накўтар зи некӣ чӣ чиз аст век?
Асадии Тўсӣ

Ба гетӣ ҷуз аз дасти некӣ мабар,
Ки ояд яке рўз некӣ ба бар.
Асадии Тўсӣ

Накўкори бо чеҳраи зишту тор
Фаровон беҳ аз некии зишткор.
Асадии Тўсӣ

Ба корафтода коромўз мебош,
Ба ҳар дилсўхта дилсўз мебош!
Носири Хусрав

Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош,
Накўхоҳу ба кас роҳатрасон бош!
Носири Хусрав

Беҳин коре, ки андар зиндагонист,
Накўхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист.
Носири Хусрав

Азизо, гар ба худ хорӣ нахоҳӣ,
Макун коре, ки бозорад табоҳӣ!
Носири Хусрав

Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,
Ба сахтӣ чораи бечорагон бош!
Носири Хусрав
Касе, к-ў бо ту некӣ кард як бор,
Ҳамеша он накўӣ ёд медор!
Носири Хусрав

Накўӣ ҷомаи туст, он ҳамепўш,
Ҳамеша дар накўномӣ ҳамекўш!
Носири Хусрав

Ва гар гўӣ, накў гў, эй бародар,
Ки некўгўй бонафъ асту безар!
Носири Хусрав

Ба дасти ману туст некахтарӣ,
Агар бад наҷўем, некахтарем.
Носири Хусрав

Накўӣ гар кунӣ, миннат манеҳ, з-он
Ки ботил шуд зи миннат ҷуду эҳсон!
Носири Хусрав

Зи некон бош, андар некўвӣ кўш,
Макун некии кас аз дил фаромўш!
Носири Хусрав

Мурувват нест, ар афтодаеро
Ба раҳ бинию худ маркаб биронӣ.
Носири Хусрав

Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,
Ки ҳар кас, к-ў ҷароҳат кард, бад кард.
Носири Хусрав

Мадад деҳ, то ки Ҳақ ёри ту бошад,
Ҳама олам мададгори ту бошад!
Носири Хусрав

пешина
аз 331
навбатӣ