Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомўш биншинӣ, гуноҳ аст.
Саъдии Шерозӣ
Нахоҳӣ, ки нафрин кунанд аз пасат,
Накў бош, то бад нагўяд касат!
Саъдии Шерозӣ
Фурўмондагонро дарун шод кун,
Зи рўзи фурўмондагӣ ёд кун!
Саъдии Шерозӣ
Зинҳор, ки чун мегузарӣ бар сари маҷрўҳ,
Аз вай хабаре пурс, ки чун мегузаронад.
Саъдии Шерозӣ
Нахоҳӣ, ки бошад дилат дардманд,
Дили дардмандон баровар зи банд!
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ки дар ҳоли тавоноӣ накўӣ накунад, дар вақти нотавонӣ сахтӣ бинад.
Саъдии Шерозӣ
Некӣ бар бадон бадӣ бар некон аст.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ки дар ў сирати некў бувад,
Одамӣ аз одамиён ў бувад.
Хусрави Деҳлавӣ
Чу некию бадӣ беҷустуҷў нест,
Накўӣ кун, ки бад кардан накў нест!
Хусрави Деҳлавӣ
Ҳар чи варзиш кунӣ, ҳамонӣ ту,
Некўӣ варз, агар тавонӣ ту!
Рукниддини Авҳадӣ
Имрўз, ки бозорат пурҷўшу харидор аст,
Дарёбу бинеҳ ганҷе аз мояи некўӣ!
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳар, к-ў накошт меҳру зи хубӣ гуле начид,
Дар раҳгузори бод нигаҳбони лола буд.
Ҳофизи Шерозӣ
Бехи некӣ бинишону раҳи таҳқиқ биҷўй!
Ҳофизи Шерозӣ
Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт:
«Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт».
Абдураҳмони Ҷомӣ
Эй, ки ҳиммат ба сўи он дорӣ,
Ки шавӣ шуҳра дар накўкорӣ,
Ғайр аз инат мабод андеша,
Ки камозорият шавад пеша.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба гетӣ мазан ҷуз ба некӣ нафас,
Ки ин аст оини некону бас!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Хуш он кас, ки оби рухи худ нарехт,
Ба некаш рух оварду аз бад гурехт.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё