Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

На мар хештанро фузунӣ ниҳад,
На якбора тан дар мазаллат диҳад!
Саъдии Шерозӣ

Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри тилост,
Ки ҳар куҷо, ки равад, қадру қиматаш донанд.
Саъдии Шерозӣ

Олим он кас бувад, ки бад накунад,
На бигўяд ба халқу худ накунад.
Саъдии Шерозӣ

Накарданд рағбат ҳунарпарварон
Ба шодии хеш аз ғами дигарон.
Саъдии Шерозӣ

Доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат.
Саъдии Шерозӣ

Доно чун таблаи аттор аст: хомўшу ҳунарнамой ва нодон чун табли ғозӣ: баландовозу миёнтиҳӣ!
Саъдии Шерозӣ

Оқил он аст, ки аз ҳар калом панд гираду асари он бар дил расонад.
Саъдии Шерозӣ

Агар оқилӣ, як ишорат бас аст!
Саъдии Шерозӣ

Асли кас аз кас набошад кам, чу ҷумла зодаманд,
Лек ҳар кас ҷавҳари илм аст, вологавҳар аст.
Ноз аз илму ҳунар бояд, на аз аслу насаб,
Гарчи беасл аст олим, ҳам ба гавҳар бартар аст.
Хусрави Деҳлавӣ

пешина
аз 331
навбатӣ