Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рўбаҳ далер афтод, шер аст.
Бадриддини Ҳилолӣ
Бебокӣ кун, шикеби мардон ин аст,
Сар бар каф гир, зеби мардон ин аст!
Ҳайф аст, чу зан ба рахти гулгун нозӣ,
Хунгарм бикўш, зеби мардон ин аст!
Абдулқодири Бедил
Ҷуръатӣ кун пеши мардон дар набард,
То барояд номат аз мардони мард.
Абдулқодири Бедил
Аввалин шарти мард фидокорист,
Ҳар зафар зодаи азму подорист.
Абулқосим Лоҳутӣ
Ҳар ки дар корҳо ҷасур бувад, Аз надомат ҳамеша дур бувад.
Агар бахт ҷўӣ, марди майдон бош!
Дил қавӣ бошад, чу доман пок бошад мардро
Шуҷоат ба кирдор аст, на ба гуфтор.
Далерию суботкорию вафо фазилати мард аст.
Далерӣ сарбози ҳаёт аст.
7. КЎШИШ, АЗМ ВА ҲИММАТ
Зи кўшиш макун ҳеч сустӣ ба кор,
Ба гетӣ ҷуз ў нест парвардагор!
Чу кўшиш набошад, тани зўрманд
Наёрад сар аз орзуҳо ба банд…
Абулқосими Фирдавсӣ
Чу хоҳӣ, ки ганҷе ба бор оядат,
Бикўшӣ, чу дар пеш кор оядат.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба манзил расид он, ки пўянда буд,
Беҳӣ ёфт он кас, ки ҷўянда буд.
Абулқосими Фирдавсӣ
Чу кўшиш зи андоза андар гузашт,
Чунон дон, ки кўшанда навмед гашт.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи ҳиммат чун ту дар олам баландӣ,
Сазад, к-аз ҳарза бисёре нахандӣ.
Носири Хусрав
То наёбӣ муроди хеш, бикўш!
Масъуди Саъди Салмон
Ҳар киро шуд ҳиммати олӣ падид,
Ҳар чи ҷуст, он чиз шуд ҳолӣ падид.
Фаридуддини Аттор
Мантиқи мулки ҷаҳонҳо ҳиммат аст,
Болу парри мурғи ҷонҳо ҳиммат аст.
Фаридуддини Аттор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё