Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Дар таҷрибагоҳи олами сулҳу набард
Ҳиммат ҳалли кадом мушкил, ки накард?!
Ҷаҳди инсон бар ин миён наёмад варна
Гардунро низ бар замин меовард.
Абдулқодири Бедил
То мард ба ранги лаъл дилхун нашавад,
Дар мулки вафо қиматаш афзун нашавад.
Ҳар санги табиати нагардад ёқут,
Ҳар қатраи об дурри макнун нашавад.
Абдулқодири Бедил
Ёрон, худро даме ба худ боз диҳед,
Нақше, ки нуҳуфтаед, пардоз диҳед!
Дил аз бари мо дур нарафтаст ҳанўз,
Ин ойинаро ба сайқал овоз диҳед!
Абдулқодири Бедил
Ранҷи ҷаҳон ба ҳиммати мардон роҳат аст,
Гар бор мекашӣ, камарат устувор печ.
Абдулқодири Бедил
Саъй дар ғайри мавқеъ бадтар аз коҳилист.
«Таърихи гузида»
Саъй нокарда дар ин роҳ ба ҷое нарасӣ,
Музд агар металабӣ, тоати устод бибар!
Кор саъб омад, ба ҳиммат барфурўз,
Гўй тез омад, зи чавгон даргузашт.
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рўзгор
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Ҷаҳди касе, ки бештар аст, кораш аз ҳама пештар аст.
Ба ҷон кандан ояд бурун зар зи санг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё