Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Осон гардад, бар он чи ҳиммат бастӣ.
Ғайрат нишонаи мардист.
Аз ҳаракат - баракат.
Ҷўянда ёбанда аст.
8.РОСТӢ ВА РОСТКОРӢ
Росту дуруст гўй, агарчи талх бошад.
Анўшервон
Ба кажжию норостӣ кам гарой,
Ҷаҳон аз паи ростӣ шуд ба пой.
Абўшакури Балхӣ
Бо дили пок маро ҷомаи нопок равост,
Бад мар онро, ки дилу ҷома палид асту палишт.
Абулҳасани Кисоӣ
Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи кажжӣ батар ҳеч андеша нест.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳама равшанӣ дар тан аз ростист,
Зи торию кажжӣ бибояд гирист.
Зи нерў бувад мардро ростӣ,
Зи сустӣ кажӣ зояду костӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳама ростӣ ҷўю мардонагӣ,
Зи ту дур бод озу девонагӣ!
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар пеша дорад дилат ростӣ,
Чунон дон, ки гетӣ ту оростӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Чу бо дил забонҳо бувад ростӣ,
Бибандад зи ҳар сў дари костӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Касе, к-ў битобад сар аз ростӣ,
Кажӣ гирадаш кору ҳам костӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Бузург он касе, к-ў ба гуфтори рост
Забонро биёрост, кажжӣ нахост.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳама бурдборӣ кунад ростӣ,
Ҷудо кун дил аз кажжию костӣ!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳама некномӣ буду ростӣ,
Кӣ кард, эй писар, суд аз костӣ?!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба ҳар кор – дар пеша кун ростӣ,
Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи кажжӣ наҷўяд касе ростӣ,
Гар аз ростӣ пур кунад остӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар он кас, ки ҷўяд ба дил ростӣ,
Надорад ба дод-андарун костӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба гуфтори хуб ар ҳунар хостӣ,
Ба кирдор пайдо кун он ростӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар хоҳӣ аз ҳар ду сар обрўй,
Ҳама ростӣ кун, ҳама рост гўй!
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё