Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Яъне, он зинда, к-ў кунад ҳаракат,
Ҳаракат чун кунад, барад баракат.
Камолиддини Биноӣ

Даст агар дар кор машғул аст, по осуда аст.
Сайидои Насафӣ

Бишав танҳо, бирав бар сўи коре,
Ки аз меҳнат набошад нангу оре!
Роғиби Самарқандӣ

Кор мушкил шавад он гоҳ, ки мушкил гирӣ,
Гарш аз аввал шумарӣ осон, осон гузарад.
Ҳабиби Коонӣ

…Кори ханҷари бурранда н-ояд аз сўзан.
Ҳабиби Коонӣ

Бе заҳмату кор нон намебояд хўрд,
Як луқма ба ройгон намебояд хўрд.
Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,
Гар ҷон биравад, аз он намебояд хўрд.
Абулқосим Лоҳутӣ

Гар он ки дар бисоти замин коргар набуд,
Дунё набуду илм набуду ҳунар набуд.
Абулқосим Лоҳутӣ

Кардан аз фармудан муҳимтар аст.
«Кимиёи саодат»

Ҳар ки ба чашми хирад оқибати кор тавонад дид, чун ба-дон расад, андўҳгин набошад.
«Таърихи гузида»

Кори нокарда ба карда машмаред!
«Таърихи гузида»

пешина
аз 331
навбатӣ