Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Шохи бемева кашад сар ба қиём,
Шохи пурмева шавад хам ба салом.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Зи оҳандилӣ бигсилу мум бош,
Паноҳи асирони мазлум бош!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Рафъат дар фурўтанист.
«Таърихи гузида»
Ба нармӣ кун ба назди халқ оҳанг,
Зи зўри об дорад гардише санг.
Раҳ наёбад бад-ў пушаймонӣ,
Ҳар ки бошад ба вақти хашм ҳалим.
Ҳилм сармояи камол бувад,
Сабаби иззату ҷалол бувад.
Тавон сохт коре ба нармӣ чунон,
Ки натвон ба тиру камон сохтан.
То хоксории ту баҷост, сарварӣ ҳам баҷост.
Дарахти пурмева доим сарбатаъзим аст.
- ЛУТФУ ЭҲСОН ВА ТАВОЗУЪ
Тавозуъ мар туро дорад гиромӣ,
Зи кибр ояд бадӣ дар некномӣ.
Носири Хусрав
Гузар аз тундию аз тундхўӣ,
Тавозуъ пеша гиру тозарўӣ!
Носири Хусрав
Он аст каримтабъ, к-ў зи эҳсон
Бар аҳли вафою фазл хў дорад.
Носири Хусрав
Аз тавозуъ бузургвор шавӣ
В-аз такаббур залилу хор шавӣ.
Абдулмаҷди Саноӣ
Эҳсон ҳама халқро навозад,
Озодонро чун банда созад.
Низомии Ганҷавӣ
Карам кун, на пархошу киноварӣ,
Ки олам ба зери нигин оварӣ!
Чу коре барояд ба лутфу хушӣ,
Чӣ ҳоҷат ба тундию гарданкашӣ?
Саъдии Шерозӣ
Тавозуъ кунад, ҳар ки ҳаст одамӣ,
Назебад зи мардум ба ҷуз мардумӣ.
Саъдии Шерозӣ
Дило, ҳар ки бинҳод хони карам,
Бишуд номдори ҷаҳони карам.
Саъдии Шерозӣ
Гар аз дўст чашмат ба эҳсони ўст,
Ту дар банди хешӣ, на дар банди дўст.
Саъдии Шерозӣ
Тавозуъ сари рафъат афрозадат,
Такаббур ба хок - андар андозадат.
Саъдии Шерозӣ
Агар ганҷи Қорун ба даст оварӣ,
Намонад, магар он чӣ бахшӣ, барӣ!
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё