Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Карам мояи шодмонӣ бувад,
Карам ҳосили зиндагонӣ бувад.
Карам номдори ҷаҳонат кунад,
Карам комгори замонат кунад.
Саъдии Шерозӣ
Карам пой дорад, на дайҳиму тахт,
Бидеҳ, к-аз ту ин монад, эй некбахт!
Саъдии Шерозӣ
Бандаи ҳалқабагўш ар нанавозӣ, биравад,
Лутф кун, лутф, ки бегона шавад ҳалқа ба гўш!
Саъдии Шерозӣ
Бо дўст ва душман тариқи эҳсон пеш гир, ки дўстонро меҳру муҳаббат бияфзояд ва душманонро кину адоват кам шавад.
Саъдии Шерозӣ
Касе, ки бо ту кунад лутф, хоки пояш бош!
Саъдии Шерозӣ
Зи нахват пок кун андешаи хеш,
Тавозуъ кун ба ҳар кас пешаи хеш!
Чу хўша хешро аз саркашӣ пос
Надорад, сар ниҳад аз зарбати дос.
Чу худро дона бар хок афканад хор,
Зи хокаш мурғ бардорад ба минқор.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Файзу ҳаловат аз дили бекибру кин талаб,
Занбўрро аз хона барор, ангубин талаб!
Абдулқодири Бедил
Фахри ҷумла корҳо нон додан аст,
Дар ба рўи дўстон бикшодан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё