Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ору номуси миллати тоҷикро баланд бардоштед. Воқеан ҳам шумо ғайрату олиҳимматии ҷавонмардона нишон додаед, ки он барои насли имрӯзаю ояндаи мо ибратбахш аст.

Дар мулоқот ҳамчунин сардори бригада, ҳоло устои корҳои кӯҳии муассисаи «Тоҷикнақбсоз», узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ғиёсиддин Сангалиевич Хокироев низ суханронӣ намуда, ба Хайрулло Сафарзода миннатдорӣ баён кард, ки бо вуҷуди серкории худ боз фурсат ёфта, ин маҳфилро оростаанд.

  • Ман аз он ифтихор дорам, ки ҳамкоронам ба қавлу ваъда вафо карданд, - гуфт дар идома Ғиёсиддин Сангалиевич, - нангу номуси халқамонро паст назаданд ва душвориҳоро сарбаландона пушти сар карда, касбу ҳунарҳои барояшон тамоман нави нақбканӣ, бетонрезӣ, пармагарӣ, сементатсионӣ, таркишгарӣ ва ғайраро омӯхтанд. Дар таги ор нею дар таги кор монем, гӯён шабу рӯз хизмати халқу Ватанро адо намуданд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки то ҳол ягон нафари аъзои бригадаамон ҷавлонгоҳи даврони ҷавонии худ, сохтмони неругоҳи Роғунро тарк накардааст. Садоқати олӣ ба кор ва касби як бор интихобкарда ҳамин аст!

Сонӣ Хайрулло Сафарзода ба аъзои бригадаи аввалини комсомолону ҷавонон туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Пас аз мулоқот мо бо Ғиёсиддин Хокироев суҳбатамонро оғоз бахшидем.

Ғиёсиддин пас аз хатми Омӯзишгоҳи омори шаҳри Ваҳдат (он вақт ноҳияи Орҷоникидзеобод) шаш моҳ кор карда буд, ки ба сафи аскарӣ даъват намуданд.

  • Дар навъи қӯшуни мудофиаи гражданӣ шомил шудем, - ҳикоят мекунад ӯ, - ман аз он хурсандам, ки дар қисми ҳарбии наздикии шаҳри Харков шаш моҳ таҳсил намуда, ба сифати ронандаи мошинҳои вазнинбор кор кардам. Давоми хизматро дар кишвари Приморе гузарондам,
пешина
аз 216
навбатӣ