Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
механик-ронанда будам, сони кумондони отделение таъйин шудам. Маромномаҳои низомиро нағз омӯхтам, рутбаҳоям аз сержанти хурд то сержант ва сержанти калон баланд шуд ва маро муовини кумондони взвод таъйин намуданд. Суратам ҳамеша дар лавҳаи фахрии қисми ҳарбӣ насб буд.
Ҳамин тавр Ғиёсиддин бо сари баланд ва номи некӯ хизмати Ватанро адо намуд. Ҳар ҷавоне, ки ба рафтори намунавӣ қарзи фарзандиро иҷро кунаду маърифати ҳарбиро аз таҳти дил омӯзад, мисли Ғиёсиддин Хокироев соҳиби обрӯю эътибор ва рутбаҳои баланд мегардад.
Ғиёсиддин аз аскарӣ ба диёри азизу дилбанд, ба назди падару модар ва бародарону хоҳарон бо сари баланд баргашта, ҳамагӣ се рӯз дар хона истироҳат карду рӯзи чаҳорум ба коргоҳи падар рафт. Падари ӯ, амаки Сангалӣ сарчӯпони номдори совхози ба номи Ҳамзаи ноҳияи Файзобод буданд. Бисёр мутахассисони хоҷагӣ солҳои донишҷӯӣ дар назди он кас таҷриба омӯхтаанд. Яке аз инҳо Абдулвоҳид Назиров маҳсуб меёфт, ки дар совхоз вазифаҳои сарзоотехник, сипас директориро анҷом дода, шахси обрӯманд гардида буд.
Абдулвоҳид Назиров дар паҳлуи сарчӯпони хоҷагӣ Ғиёсиддинро дида пурсон шуд:
- Ин ҷавонро нашинохтам.
- Писари ман, - ҷавоб дод амаки Сангалӣ, - аз аскарӣ омадаасту дар хона хобай.
Лекин бобои сарчӯпон нагуфт, ки писараш Ғиёсиддин ҳамагӣ се рӯз қабл аз аскарӣ омадааст.
- Наход, ки ту писари акаи ман бошӣю дар хона бекор хоб кунӣ, - гуфт Назиров, - пагоҳ ба идора биё, ба кор қабул менамоем.
Ҳамин тавр Ғиёсиддин дар соҳаи муҳосибаи совхоз ба кор шурӯъ кард. Пас аз чанде Назиров ба ӯ чунин гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё