Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан
  • Дар идораи хоҷагӣ нашину ба фермаи падарат рав. Мо туро муовини мудири ферма оид ба ҳисобу китоб тайин намудем. Он ҷо одамони одӣ, бесавод ҳастанд, лекин саводомӯзӣ сад омӯзгор мебошанд. Ана, бо ҳамонҳо кор бикун, қадри инсону одамгариро боз чуқуртар мефаҳмӣ. Ман мушоҳида кардаам, ту ояндаи хуб дорӣ. Худо хоҳад, соҳиби вазифаю мартабаҳои баланд мешавӣ.

Бо ин маслиҳат Ғиёсиддин муовини мудири ферма оид ба муҳосибот шуд. Барои Ғиёсиддин ҳамроҳи падар кор кардан шодию масаррати хосае мебахшид. Зеро аз айёми тифлӣ медонист, ки падараш дар кӯҳу адир чӯпонӣ мекард ва бисёр мехост, то дар паҳлуи падараш бошад ва дар корҳои вай ёрӣ расонад. Аммо падараш ҳаргиз майле надошт, ки писаронаш дар дашту саҳро, кӯҳу камар аз пайи рама гарданд ва мисли ӯ дахмарда бошанд. Баръакс амаки Сангалӣ ба фарзандон насиҳат мекард, ки бихонанд ва соҳиби касбу ҳунар шаванд.

  • Чӯпонӣ кори вазнин аст, - мегуфт амаки Сангалӣ ба фарзандон, - ман шабу рӯз дар зери барфу борон ҳастам. Шумоён хонетон, пули хонданатон, хӯроку пӯшокатонро ман ёфта медиҳам. Хонеду мисли бобоятон олиму доно шавед.

Падар бобои модарии фарзандонаш – Ҳамроҳ Раҳимзодаро дар назар дошт, ки солҳои бистум аз Бухоро бо ду бародараш - Раҷабалӣ ва Наҷабалӣ омада, дар Кӯлоб омӯзгорӣ мекард ва сипас дар Файзобод раиси суд, мудири шӯъбаи маориф, мудири мактаб, муаллим будааст...

Ғиёсиддин медонист, ки падараш дар замони хурдсолӣ ятим монда, дар ҳавлии амакҳо ва тагоҳо калон шудааст. Ва аз ҳамон даврон ба даст таёқи чӯпонӣ гирифта, аз пайи рамаи совхоз кори халқу ҷамъиятро адо намудааст. Албатта, дар ин кор захмату азияти бисёр кашидааст ва ба ин ваҷҳ ҳаргиз намехоҳад, ки писаронаш ин роҳи ҳаёти ӯро пайсипарӣ кунанду гирифтори маҳрумиятҳо шаванд.

пешина
аз 216
навбатӣ