Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Бинобар ин гаштаю баргашта мегуфт, ки «шумо бихонед, пули пӯшок ва хӯрокатонро ман ёфта медиҳам». Амаки Сангалӣ бесавод бошад ҳам, хеле шахси бофаросат будааст, ки фарзандонро ба омӯхтани илму савод талқин намуда, ба роҳи саҳеҳи тарбиягӣ ҳидоят кардааст. Фарзандон ҳам ин ҳидояти падарро ба ҷону дил пазируфтаанд... Ҳоло падар аз он шукрона мекард, ки писараш Ғиёсиддин роҳи камолотро паймуда истодааст.
Мудири фермаи чорвопарварӣ Аббос Идрисов мутахассиси баландпояи соҳаи худ ҳисоб меёфт, истеҳсолотро ба дараҷаи баланди замонавӣ механиконида буд ва ба ҳамин сабаб ферма дар сафи пешқадамон ҷой дошт. Котиби ҳамонвақтаи якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия Қароқулов Амир Бӯриевич Аббосро «шогирди ман» мегуфт, чунки роҳбари ҳизби худ мутахассис ва олими варзидаи соҳаи чорводорӣ буд.
Ғиёсиддин котиби созмони комсомолии совхоз интихоб шуда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагӣ фаъолона ширкат меварзид. Совхози ба номи Ҳамза дар саросари ҷумҳурӣ номдор гардида, сарвари ҷавонони он ҳам узви бюроИ кумитаи комсомолии ноҳия буд.
Аввали солҳои ҳаштодум минтақаи Роғун дар ҳайати ноҳияи Файзобод дохил мешуд. Рӯзе конференсияи комсомолии ноҳия баргузор гардида, Ғиёсиддин ҳамчун вакил дар он ширкат варзид. Аз он ҷаласа дар ёди Ғиёсиддин суханронии Шулга ном муҳандиси сохтмони неругоҳи Роғун сахт нақш баст.
Он муҳандис бисёр тезу тунд сухан гуфта буд:
- Соли ҳаштоду се неругоҳи Роғун – сохтмони умумииттифоқии зарбдори комсомолӣ эълон шуд. Вале инро ҷавонони тоҷик сари мӯе ҳам ҳис накарданд, ба назари мо онҳо карахт менамоянд ва гузашта аз ин онҳо хеле тарсончаканд. Барои мисол ба шумо ҳаминро қайд карданиӣ ҳастам, ки чанде пеш ду нафар ҷавонписари тоҷикро ба ичрои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё