Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
корҳои зеризаминӣ, нақбкандӣ ва бетонрезӣ қабул намудем. Вале ҳар дуяшон ҳам ҳатто як ҳафта тоқат карда натавонистанду аз кор гурехтанд. Нагурехтагӣ номард гуфтанду нопадид шуданд. Мардию мардонагиро дар ҳамин диданд.
Дар ин ҷаласа гули сари сабади ҷавонони ноҳия иштирок доранд, - ба суханаш идома дод муҳандис Шулга. Шумо як андеша намоед, ин неругоҳи бузург пеш аз ҳама барои ободонии диёратон хизмат хоҳад кард. Аммо дар эъмори он намояндагони ҷавонони ноҳияатон иштирок намекунанд, ҷавонони дигар минтақаҳои кишваратон ҳам нестанд. Наҳод ки тоҷикписарони дилу гурдадор набошанд. Охир ба ҳама маълум аст, вақте ки хунхортарину даҳшатноктарин душман ба Ватани мо ҳамлавар гардид, падарони мою шумо якдилона ба ҳимоя бархостанд ва ин ваборо несту нобуд карданд!..
Дар ин ҷаласа дигарон ҳам сухан гуфтанд, умуман дар он бисёр ҳарфу ҳиҷоҳо радду бадал шуданд. Вале Ғиёсиддин дигар ягон ҳарфу суханро нашунид. Фақат суханони муҳандис Шулга мағзи сари ӯро фаро гирифта буд. Оҳиста-оҳиста ин суханон ба тамоми ҷисму ҷон ва ба саропои вуҷуди он таъсир расониданд. «Чаро мо, тоҷикон дар корҳои вазнини зеризаминӣ кор карда наметавонистаем? Чӣ тавр мешудааст, ки ҳама кор мекардаанду мо не. Барои чӣ неругоҳи Роғун дар диёри мо бунёд мегардаду дар он мутахассисони тоҷик каманд ё умуман нестанд? Чаро мо намедонем, ки нақб чист ва онро чӣ тавр месозанд?»
Ба ҳамин минвол «чаро»-ҳои зиёде майнаи ӯро гиҷ карда буданд ва Ғиёсиддин ба ин саволҳо ҷавобҳои муносиб ёфта натавонист. Чандин шабу рӯз дар ин хусус андеша намуд ва ба ҳамин фикру андешаҳо салоҳ дид, ки бригадаи комсомолону ҷавонон ташкил бикунаду бо ин бригада дар сохтмони оламшумул ширкат варзад. Зарур бошад, касбҳои нақбкандӣ, бетонрезӣ, тарқишгариро омӯзанду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё