Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар сохтмон иштирок намоянд ва дар ободии мулки азиз саҳм гузоранд ва аз ҳама муҳимаш собит созанд, ки тоҷикписарон ҳам дилу ҷигар доранд. Гурда доранд ва мисли намояндагони дигар халқу миллатҳо кор карда метавонанд.

  • Рости гап, барои ҷамъ овардани аъзои бригада ба деҳаҳои зиёд нарафтаам, - ҳикоя мекунад Ғиёсиддин, - аз деҳаи худамон Фатҳобод ва деҳаи ҳамсоя Меҳробод понздаҳ нафар ҷавононро пайдо намудам. Ҳамаи онҳо хизмати аскариро адо карда, ба истилоҳ, ҷавонони хондагии говҷигар буданд, вале аксарашон кор намекарданд. Инҳо додарам Саид, ҷӯраҳоям Сайфулло Раҳмонов, Абдулвоҳид Одинаев, бародарон Мурод ва Амир Саидовҳо, Ашӯралӣ Раҳмонов, Маҳмуд Абдулов ва дигарон. Ба ҳар яке онҳо эътимод доштам. Амир дар ҷанги Афғонистон иштирок намуда, нишони ҳарбӣ дошт ва дигарон ҳам обутобёфта буданд. Ҳабдаҳуми декабри соли ҳаштоду чорум дар ҳавлии мо ҷамъ шудем, ин рӯз нағз дар хотирам ҳаст. Сонӣ ҳамин санаро рӯзи ташкилёбии бригадаамон ҳисобидем. Ҳоло фурсату имкони мувофиқ фаро расад, ҳабдаҳуми декабри ҳар сол бо навбат дар сари дастархони яке ҷамъ мешавем. Ҳамон рӯз ҳамаамон дар ҳавлии падари ман аҳд намудем, ки бикӯшему аз таҳти дил кор кунем ва парчами мардонагиро баланд афрозем, лекин ба тарсончакӣю безардагӣ зинҳор дил набозем.

Сонӣ рост ба комитети комсомоли ноҳия омадем. Моро котиби якуми ҳамонвақтаи созмони ҷавонон Тоҷиниссо Носирова қабул намуд ва мақсадамонро фаҳмида бисёр хурсанд шуд.

Пас аз чанд муддат маҷлис барпо гашта, дар он котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия, раиси комиҷроия, сарвари собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбари созмони ҷавонони сохмони неругоҳи Роғун ширкат варзиданд ва ташаббуси ватандӯстонаи моро табрик намуданд. Хосатан

пешина
аз 216
навбатӣ