Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

раиси собиқадорони ҷангу меҳнат ба кори мо фотеҳа дода, барори кор хост ва роҳи сафед талаб намуд. Баъд ба мо роҳномаи созмони ҷавонон, билети комсомолӣ, дафтарчаҳои меҳнатӣ ва 30-сӯмӣ сафарҳарҷӣ доданд. Моро ба автобуси махсус савор карданд, ки таҳти мусиқӣ ба роҳ даромад. Сарвари созмони ҷавонони сохтмони неругоҳи Роғун Мурод Исломович Саъдуллоев ҳамроҳи мо буд. Ӯ моро то хобгоҳи бинокорон роҳбаладӣ намуд.

Он вақт роҳбари сохтмони неругоҳи Роғун Башмаков Вячеслав Михайлович ва муовини ӯ Малахов Александр Александрович буданд, ки ҳар ду ҳам дар эҷмори неругоҳи Норак саҳми бориз доштанд. Роҳбари сохтмон бо аъзои бригадаи нахустини комсомолону ҷавонон суҳбат намуд:

  • Албатта, ба ташаббуси шумо роҳбарони ноҳия бовар карда, бо суханони табрикотӣ ба ин ҷо гуселатон кардаанд. Ман ҳам шуморо муборакбод мегӯям ва орзу дорам, ки ҳамаатонро то ба анҷом расидани неругоҳ дар майдони сохтмон бинам. Азбаски ҳоло касбҳои сохтмонӣ надоред, шумоёнро дар вазифаи бетонрезӣ ба кор қабул мекунам. Дониста бошед, ки дар сохтмони неругоҳ бетонрезӣ яке аз касбҳои асосӣ ҳисоб мешавад. Инро ҳам фаҳмед, ки агар кас понздаҳ сол бо ин касб машғул шавад, пас бетонрези ҳақиқӣ шуда ба камол мерасад. Барои ҳамин ин касбро саҳл нагиред. Ба қарибӣ мо курсҳои кӯтоҳмуддати нақбканӣ, пармагарӣ, таркишгарӣ, бетонрезӣ, кафшергарӣ ташкил мекунем, мувофиқи майлу хоҳишатон дар ин курсҳо мехонед, касбу ҳунар меомӯзед. Таҳсил бепул аст, пас аз хондан имтиҳон супорида, соҳиби ҳуҷҷат мешавед. Бо ин ҳуҷҷат шумо метавонед, ки тамоми умр кор кунед, дар Тоҷикистон минбаъд неругоҳҳои бисёр сохта мешаванд.

Баъд Башмаков дар анҷоми суханаш гуфт, ки коргарони ҷавон ба тӯли панҷ рӯз бояд аз дарси бехатарӣ сабак бигиранд.

пешина
аз 216
навбатӣ