Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан
  • Хоҳиш дорам, ки дарси бехатариро бо диққат ва ҳавсалаи том омӯзед, - таъкид намуд Вячеслав Михайлович, - донистани ин донишу маълумот барои шумо ва атрофиён ба таври ҳамешагӣ заруранд.

Ба ҳамин минвол кулли корҳои расмиёт ба фарҷом расиданд ва аъзои бригада бо сарварии Ғиёсиддин рӯзи нахустин ба коргоҳ омаданд. Он рӯз ҳаво сард буда, дар рӯйи замин тӯдаҳои ғафси барф мехобиданд. Ҷавонон бори аввал бояд ба остонаи нақб қадам мениҳоданд. Нақби якуми сохтмонӣ тақрибан чорсаду панҷоҳ ё панҷсад метр канда шуда буд. Дар даромадгоҳи нақб шӯшаҳои ях овезон буданду якчанд қадам дарунтар вентилятор бо шиддат фаъолият дошта, даруни нақбро бо ҳаво таъмин менамуд. Мошинҳои вазнинбор дудҳои ғализ бароварда, ба ҳар тараф равуо доштанд. Садоҳои шӯру ғиреви нақбканону тарқишгарон шунида мешуданд. Аз сақфи нақб чак-чаки об ҳамвора чакида, қатраҳои он ба кулоҳхӯди нақбканон так-так мезаданд, гӯё борони сел меборида бошад.

Ғиёсиддин бо ду-се нафар аъзои бригадааш аз автобус фаромада, понздаҳ-бист қадам ба даруни нақб монд ва баъд ба ақиб нигарист, ки дигарон ҳанӯз аз автобус нафаромадаанд. Пас ӯ ба назди автобус баргашта, ба даруни он чашм андохт. Баъзе бачаҳо аз нишастгоҳи автобус маҳкам дошта меистоданд ва чунин ба назар мерасид, ки агар сар диҳанд, гӯё ба ягон вартае меафтода бошанд. Бале, нишастгоҳро хомӯшона дошта меистоданду натақашон намебаромад, ягон ҳарфе намегуфтанд. Кадом як кас ғур-ғур кард, ки «ин ҷо худаш чӣ ҷой аст, аслан ҷой набудааст, гумроҳ шудем, чаро омадем?»

  • Эй, бачаҳо, - гуфт Ғиёсиддин ин ҳолати ҳамкоронро мушоҳида карда ва пойӣ рости худро ба зинапояи автобус ниҳода, - гӯш кунед, нанг кардем, номус кардем, акнун ақаллан як сол аст, ним сол аст, бояд кор кунем. Моро бо
пешина
аз 216
навбатӣ