Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дабдабаю дагдага оварданд, пагоҳ-фардо дар рӯзномаҳо ҳам менависанд, ки ҳамин хел ташаббус нишон додем.
Мувофиқи қавлу ваъдаи худамон амал накунем, ваъдахилофӣ мешавад, агар номардона гурезем, шармандагӣ хоҳад шуд. Пас суханони ҳамон мардаки рус, ки дар маҷлиси комсомолӣ гуфта буд, рост мебароянд. Албатта, боз дар маҷлисҳои дигар ҳам хоҳанд гуфт, ки «тоҷиконро бо тантана ба кори нақб овардем, вале аз тарс ба он ворид ҳам нашуда, аз назди даромадгоҳ рӯ ба гурез ниҳоданд, ба ин кор як рӯз ҳам тоб оварда натавонистанд», аз ин дида дигар шармандагӣ намешавад.

Ин дилдиҳӣ ва ба ҳамият хондани Ғиёсиддин ба ҷавонон таъсир бахшиданд ва онон ягон-ягон аз пайи сардорашон равон шуданд. Ғиёсиддин роҳномаи кори аз шуъбаи кадрҳо гирифтаашро ба дасти сардори қитъа супурд.
Сардори қитъа ба варақа назар фиканду хушҳолона гуфт:

  • Аъзои бригадаи бетонрезон, марҳамат, ба дамгаҳи нақбкани, - ва илова намуд: - Аллакай як бригадаи бетонрезон машғули бетонрезӣ аст, шумо бо онҳо ҳамроҳ мешавед. Инженер Василев Дмитрий Иванович ба корҳоятон роҳбарӣ менамояд, мана, худи ӯ дар ҳамин ҷост, - сардори қитъа бетонрезони ҷавонро бо муҳандис шинос кард.
    Дмитрий Иванович бо аъзои бригада даст дода мулоқот намуд.

Дар рӯзи аввали кор бригадаи комсомолону ҷавонони
Ғиёсиддин Хокироев ду мошин бетонро дар деворҳои нақби сохтмонӣ хобонд. Муҳандис ба ҷавонон возеҳан нишон
дод, ки дар бари деворҳои гулмехзада ва бо симтӯр пӯшида бетони шӯридаро чӣ тавр мехобонанд. Ба ҷавонони
тануманди бригада ин вазифа чандон душвор нанамуд,
зеро онҳо бачаҳои рустоӣ ва хизмати аскариро адо карда
буданд ва дасту панҷаҳои гиро доштанд. Ҳамин тавр онҳо
оҳиста-оҳиста ба корҳои бетонрезӣ балад шуда, дар нақби
якуми сохмонӣ машғули меҳнат гардиданд. Дар байнашон

пешина
аз 216
навбатӣ