Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
бачаҳое ҳам буданд, ки сахт дудила мешуданд ва дар ҷустуҷӯйи ягон муҳандис ё коргари тоҷик нуқтаҳои дар зери замин будаи сохтмонро аз назар мегузарониданд. Агар ягон тоҷике дар корҳои зеризаминӣ таҷрибадорро биёбанд, пурсидан мехостанд, ки оқибати кори онҳо чӣ тавр хоҳад шуд ва оё бригадаи махсус ташкил карда, ба ин ҷо омаданашон дуруст аст ё не? Лекин онҳо ягон нафар тоҷики таҷрибадорро ёфта наметавонистанд.
Сардори қитъаи кор боре ба ҷавонони бригада чунин табсира дод:
-
Ин ҷо ҷойи тоҷикон нест, онҳо дар чунин ҷой кор карда наметавонанд.
-
Вақте ки ин суханонро шунидем, - мегӯяд Ғиёсиддин, - сар а хам карда, гапа кам карда, даст ба кор задан гирифтем. Бачаҳо ба кор часпидан гиред, дар сар ҳар хел фикрҳои мағшуш пайдо намешаванд, - дилдиҳӣ медодам ба ҳамкорон, - охир дар нақб мо танҳо нестем, дигарон ҳам ҳастанд, ҷони мо ҷон бошад, ҷони онҳо ҳам ҷон аст, ширин аст.
Ҳамин тавр моҳи аввали кори бригадаи комсомолону ҷавонон дар эъмори нақби якуми сохтмонӣ сипарӣ гардид. Бегоҳӣ онҳоро ба идораи муҳосиба даъват намуда, ба дасти ҳар якашон як бандча сесӯмӣ супурданд. «Ин маоши моҳи аввалатон» гуфтанд ба онҳо. Сесад сӯмӣ маош дасту дили ҷавононро гарм намуд. Инро фаҳмида Ғиёсиддин бегоҳӣ дар хобгоҳ бо ҳамкорон суҳбат орост.
- Бародарон, ба ҳамаатон маълум аст, ки колхозчиён ё коргарони совхозҳо як моҳи дароз кор карда, ҳафтод-ҳаштод сӯм маош мегиранд, ба мо дар ин ҷо 300-сӯмӣ моҳона доданд, ҳол он ки касбу ҳунари нақбсозӣ надорем. Мутахассис нестем, навкорем, лекин ин қадар пул гирифтем. Акнун кӯшиш карданамон зарур аст, ки соҳиби касбу ҳунар шавем, баъд мебинед, ки бо меҳнати худ ба халқу Ватанамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё