Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

бештар манфиат мерасонем ва албатта, маошамон ҳам зиёд мешавад.

Ин суханони ҳақиқии аз мағзи дил гуфтаи сарвари бригада ба ҳамкорон таассуроти нек бахшиданд. Ва онҳо аз оғози моҳи дуюми фаъолияташон боз ҳам бо дасту дилҳои гарм ба кор шурӯъ намуданд.

Рӯзе ҷавонон огоҳ гардиданд, ки Маъбур Абдулов ном тоҷик дар ҳамин зери замин бо корҳои нақбканӣ машғул будааст. Бо суроғ омада, ӯро пайдо намуданд. Маъбур ҳамагӣ се моҳ пештар аз онон шомили кор гардида, аллакай соҳиби касбу ҳунар шудааст. Ӯ ҷавонмарди тануманд буда, риши кӯтоҳе дошт. Агар Маъбур ба забони тоҷикӣ ҳарф намезад, аз сиккаю сураташ гумон мекарданд, ки вай ҷавони гурҷӣ ё осетин аст. Охир дар корҳои зеризаминӣ, намояндагони халқу миллатҳои гурҷӣ, арманӣ, осетин ва дигар фиристодаҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буданду фақат аз тоҷикон ному нишон пайдо намешуд, ҳарчанд ки ин сохтмон ба диёри тоҷикон иртибот дошт. Аммо хайрият, ки акаи Маъбур аз ҳамин мулку макон омадааст, дар деҳаи Ҷавонии минтақаи Оби Гарм зиндагӣ мекардааст.

  • Ба ҳар ҳол шумо дар ин ҷо аз мо пештар омада, меҳнат карда истодаед, - муроҷиат намуд Ғиёсиддин ба Маъбур, - таҷрибаатон зиёдтар аст, бинобар ин ба ҳамкорони ман фаҳмонед, ки шароити ин ҷо чӣ хел аст? Оё мо ҳам кор кунем, касбу ҳунар омӯхта метавонем?

  • Агар сидқан кор кунед, дар курсҳои ҳунаромӯзӣ хонед, албатта, ҳунар ёд мегиред, - ҷавоб дод Маъбур бо чеҳраи пуртабассум. Ӯ чунин одат дошт, вақти сухан гуфтан ба мусоҳиб бо чеҳраи пуртабассум менигарист.

  • Лекин бояд ошкоро бигӯям, ки нақбкании кори вазнин
    аст, - ба суханони худ идома намуд Маъбур, - хавфу хатарҳо дорад. Ман ба шумо қатъиян ягон чиз гуфта наметавонам. Гӯям, ки кор кунед, бо ягонтаатон воқеае рух диҳад,

пешина
аз 216
навбатӣ