Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
баъд хоҳед гуфт, ки фалонӣ кор кун гуфта буд. Ва агар кор накунед гӯям, шумо кор кардаӣ омадед. Ба фикрам, бо оини мардӣ барои кор кардан омадаед, бинобар ин мову шумо бояд сарбаландона кор кунем. Сохтмон ба диёри азизи мо – Тоҷикистон тааллуқ дорад, лекин тоҷикон дар сохтмон нестанд ё тамоман каманд, магар ин номардӣ нест? Албатта, номардӣ асту бас. - Маҷбур ин ҷумлаҳоро мегуфту дар чеҳрааш ҳамон гули табассум мешукуфт.
-
Мо ҷавонмардем, кор мекунем, - аз номи ҳамкорон ҷавоб дод Ғиёсиддин.
-
Бале, кор мекунем, ҳа, кор мекунем, - гуфтаҳои сарвари бригадаро дастгирӣ намуданд ҷавонони файзободӣ.
-
Шиори мо даст ба кору дил ба ёр аст, - гуфт боз Ғиёсиддин, - ёри мо Ватани азизамон Тоҷикистон аст! Кори мо ба манфиати Ватан мебошад!
Ҷавонони бригадаи Ғиёсиддин ҳамчун даравгарони ташнаи об интизори курсҳои ҳунаромӯзӣ буданд. Ба бахти онҳо комбинати таълимӣ ташкил ёфт, ки он курсҳои семоҳаи касбу ҳунаромӯзӣ дошт. Аъзои бригади Ғиёсиддин дар ин курсҳои кӯтоҳмуддат фаъолона таҳсил намуда, касбу ҳунарҳои нақбканӣ, кафшергарӣ, пармагари омӯхтанд. Пас аз се моҳ ба Ғиёсиддин ва ҳамкорони ӯ унвони нақбкани дараҷаи 4-ум дода шуд, ки дигар ҳеҷ кас онҳоро «навкор» намегуфт.
Дар омӯхтани техникаи нақбсозӣ хусусан Ғиёсиддин завқу ҳаваси зиёд дошт.
- Тамоми васоити техникии нақбсозиро бо кунҷкобӣ меомӯхтам, - ҳикоя мекунад Ғиёсиддин, - нозукиҳои онҳоро аз техникадонҳо мепурсидам ва ба ҳар як амалашон ошкору пинҳонӣ диққат медодам, ки ӯ кадом мурватро чӣ хел тоб медиҳад ва ба ҳамин тариқ ҳунаромӯзиро афзун менамудам. Пармагаре ба таомхӯрӣ равад, ман то омадани вай дар машинаш машқ мекардам. Ба ҳамин усул бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё