Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
мошинҳои СБУ, НКР, ПРУ кор карданро ёд гирифтаам. Дар омӯзиши васоити техникии нақбсозӣ шавқам зиёд буд. Аз китобхонаи сохтмон адабиёти заруриро гирифта, вақтҳои холии худро дар хобгоҳ бо омӯзиш мегузаронидам. Вақтро қадр мекардам ва ягон дақиқаи онро беҳуда сипарӣ наменамудам.
Соли ҳаштоду шаш дар ҳаёти бунёдгарони нерӯгоҳи Роғун воқеаи фарахбахши фаромӯшнашаванда рух дод. Аз тарафи ҳукумат Роғун шаҳр эълон гардид ва сохтори он ташкил ёфт. Ин воқеаи сиёсию маъмурӣ сокинони шаҳри офарандагони нурро рӯҳбаланд намуд. Ба ин муносибат интихоботи шӯрои вакилони шаҳр баргузор шуд. Ба шӯрои вакилони шаҳр номзадии Ғиёсиддин Сангалиевич Ҳокироев аз тарафи нақбсозон пешниҳод гардид.
- Насиби хушбахтиам будааст, - воқеаи интихоботи вакилони шаҳрро ба ёд меорад Ғиёсиддин, - ман вакили халқи рақами якуми шӯрои вакилони шаҳри Роғун интихоб шудам. Ин боварии халқ ба ман хурсандии беназир бахшид. Ҳамчунин ин воқеа масъулияти маро дар назди ҷомиа афзун намуд. Ҳақиқатан ҳам ин бароям бахти бузурге буд. Магар вакили мардумӣ интихоб шудани писари чӯпон бахти бузург нест? Ин ҳама ба шарофати сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст... Муваффақияти дигар он аст, ки ҳамаи понздаҳ нафар ҷавонони файзободиге, ки ҳамроҳи ман ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун омада буданд, ин ҷавлонгоҳи мардонагиро кори ҷонии худ ҳисобида, меҳнати содиқонаро давом медоданд...
Рӯзе Ғиёсиддин ҳамроҳи усто Анатолий Бедерев дар дастгоҳи АРК-и пармагарӣ машғули кор буд, ки ногоҳ садои баланде шунида шуду мошин аз кор монд. Дастгоҳ то умқи ҳафтод метрро парма менамуд. Усто дастгоҳи пармагариро кушода, тирагии чеҳрааш равшан шуду гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё