Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
- Иллаташ маълум гашт, патрон хӯрда шудааст, ҳозир илоҷашро меёбем. Ту бо кафи дастат асбоби пармагариро нигоҳ дор, то ки вақти кушодан мурватҳо наафтанд.
Ғиёсиддин мувофиқи фармудаи усто бо кафи худ дастгоҳи пармагариро нигоҳ медошт. Вақти зиёде нагузашта усто Бедерев дастгоҳро соз кард ва дар ҳолати фаромӯшӣ он асбоби таъмиркардаашро якбора ба кор даровард. Ҳол он ки ӯ аввал бояд ба Ғиёсиддин мегуфт, ки қафашро аз зери дастгоҳ бигирад. Не, вай ин таъкидро аз ёд баровард; чи тавре ки гуфтем, ногаҳон дастгоҳро фаъол намуд. Ва дастгоҳ бо вазни якуним тонна ба болои дасти Ғиёсиддин афтода, устухонҳои қафашро шикаст. Ғиёсиддин «вох» гуфт ва дилаш бехуд шуд. Қафаш кабуд шуд, аммо пӯсту гӯшташ надарид ва хун набаромад. Лаҳзае нагузашта, то оринҷи дасташ варам кард. Бо ҳамин Ғиёсиддин ду моҳ муолиҷа намуда, фақат бо корҳои сабук машғул мегардид.
- Ман аз усто Бедерев наранҷидам, - он воқеаро ба хотир меорад Ғиёсиддин, - албатта, ман медонам, ки ӯ ин корро қасдан накардааст. Пас аз молиҷаи пурра боз мисли пештара ҳамроҳи вай корамонро давом додан гирифтем. Ман ин воқеаро барои он ёд овардам ва зикр намудам, ки ҳангоми кор бо мошинҳо ҳам муҳандис, ҳам мутахассису коргар бояд хеле бодиққату ҳушёр бошанд ва ҳар як амалро дидаю санҷида иҷро намоянд, то нохушие ба миён наояд. Ба ибораи дигар гӯем, ин воқеа бояд як сабаке бошад ба ҳамкорон ва пасиниён, ки дар дигар минтақаҳои диёрамон минбаъд нақб месозанд...
Ғиёсиддин ҳамчун сардори бригадаи нахустини комсомолону ҷавонон дар сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун дар ҷаласаҳои ҳизбӣ, комсомолӣ, иттифоқҳои касабаи умумиҷумҳурӣ, инчунин ба сифати вакили мардумӣ дар маҷлисҳои шӯрои вакилони шаҳр фаъолона ширкат варзида, доир ба масоили муҳокима мешуда дархосту пешниходҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё