Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

мушаххаси хешро баён менамуд. Бад-ин лиҳоз ӯ соҳиби обрӯю эътибори баланд шуда, бо ифтихорномаҳои КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва КМ ВЛКСМ сарфароз гардида буд.

  • Ҳарчанд ки усули қоидаҳои маъмулию нақбканиро омӯхта кор кунем ҳам, - мегӯяд Ғиёсиддин, - ҳар ваҷаби пешравӣ дар зери замин бо муаммоҳои худ нақбканони соҳибтаҷрибаи чирадастро ҳам лолу ҳайрон мекард. Бинобар ин мехостам, ки дар мактабҳои нақбсозӣ бихонам ва роҳи камолоти худро боз ҳам такмил диҳам. Чун ба ман пешниҳод намуданд, ки ба шаҳри Можайск ба курси такмилӣ биравам, хеле мамнун гардидам. Ба ин шаҳр бо ҳамкорам Сайфулло Раҳмонов сафар доштам. Ба мо ҳам сабак меомӯхтанд, ҳам бо фаъолияти компрессор корҳои амалиро нишон медоданд. Шукрона мегӯям, ки дар байни намояндагони понздаҳ ҷумҳуриҳои иттифоқ, ки дар Можайск таҳсил доштанд, фақат камина имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супоридам. Ман ҳанӯз ба коргоҳ наомада, аз таълимгоҳ ташаккурнома расидааст ва дар он ба роҳбарони сохтмони неругоҳ таҳсин баён намудаанд, ки чунин мутахассисро ба таҳсил фиристодаанд...

Ва табиист, ки мансабу мартабаи чунин шахс ҳамвора баланд шудан мегирад. Баъди таҳсил роҳбарияти сохтмон Ғиёсиддинро бо мақсади ба вазифаи устои корҳои кӯҳӣ пешбарӣ намудан ба сӯҳбат даъват карданд.

  • Барои бовариатон ташаккур, - ҷавоб дод Ғиёсиддин ба ин пешбарӣ ва илова намуд: - Ман фикр мекунам.

  • Барои фикр ду-се рӯз вақт медиҳем,- гуфтанд ба ӯ.

Дар сохтмони неругоҳ тартиб чунин буд, ки соҳиби маълумоти олиро ҳам дарҳол ба вазифаи усто намегирифтанд. Масалан, даҳ нафар маълумоти олидор ба кори сохтмон биёяд, аввал онҳоро ба муддати панҷ сол дар корҳои нақбканӣ месанҷиданд. Сипас аз ҳамон даҳ нафар ду нафараш ба мартабаи устои корҳои кӯҳӣ мерасид ё не,

пешина
аз 216
навбатӣ