Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
маълум набуд, дигарон бидуни унвон мемонданд ва кай фурсату имконе фарохам ояд ва лаёқати онҳо аз тарафи роҳбарият мақбулу пазируфта шавад, ҳамон вақт ба дараҷаи устои корҳои кӯҳӣ соҳиб мегардиданд.
Пас аз ду-се рӯз ба Ғиёсиддин пешбариро боз хотиррасон намуданд.
Воқеан ҳам Ғиёсиддин ба касбу кори нақбсозӣ шавки зиёд дошт ва рисолаю китобҳои заруриро мегирифту мутолиа менамуд, забони русиро нағз мефаҳмид ва ба ин забон гузоришҳои маслакиро низ босаводона нигошта метавонист. Асосҳои фаъолияти устои корҳои кӯҳӣ-нақбканӣ, пармагарии, амалиёти таркишгарӣ, умури сементациониро хуб медонист.
- Корро мефаҳмӣ, ҳуҷҷатҳоро саҳеҳ пур карда метавонӣ, - гуфтанд ба ӯ дар сӯҳбати навбатӣ, - он чизе, ки медонию метавонӣ, ягон устои корҳои кӯҳӣ намедонад, бинобар ин ту бояд дар ҳамин вазифа кор кунӣ, вассалом, бас тамоми.
Баъди ин сӯҳбат Ғиёсиддин ба мувофиқа омад ва мутобиқаи тартибот аз ӯ имтиҳон гирифта, ба ин вазифа таъин намуданд.
Ҳамкорон мушоҳида мекарданд, ки Ғиёсиддин баъди ба ин вазифаи баланд таъин шудан ҳам баробари коргарон меҳнат мекард ва агар ягон васоити техникӣ вайрон шавад, остинро барзада аз пайи таъмир мешуд.
Агар даҳ бригада дар як баст биёяду ба аъзои ин бригадаҳо супоришҳо дода шаванд, устои корҳои кӯҳӣ бояд иҷроиш ва сифати корро назорат кунад ва маълумоти онро ба роҳбарият пешниҳод намояд. Супоришро қабул мекунӣ, ба коргарон мерасонӣ, чун кор ба анҷом расид, иҷрооти корро ҷамъбаст намуда, ба роҳбарият иттилоъ медиҳӣ, яъне ҷавобгару масъули баст устои корҳои кӯҳӣ аст. Он вақт дар умуроти нақбсозӣ ҳабдаҳ бригада фаъолият дошт, агар дар ҳар бригада даҳ нафарӣ кор кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё