Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҷамъ тақрибан яксаду ҳафтод нафар меҳнат менамуданд. Устои корҳои кӯҳӣ масъули натиҷаи кор, инчунин корфармо, иҷрокунандаи кор, ҷавобгари сифати кор аст. Устои корҳои кӯҳӣ бояд ба коргарон кор ёфта диҳад, то онҳо бекор намонанд. Як бригада бо корҳои таркишӣ машғул мешавад, бригадаи дигар санг мебардорад, корҳои бетонхобонӣ ба зиммаи бригадаи дигар аст, боз як бригада нақб меканад, яъне ба таври дигар гӯем, силсилаи корҳое анҷом меёбанд, ки ба ҳамдигар марбутанд ва пешравиро таъмин менамоянд. Кулли ин умурот аз тарафи устои корҳои кӯҳӣ назорат карда мешавад.

  • Вақте ки мо ба кор сар карда будем, - нақл менамояд Ғиёсиддин, - ин давраи оғози корҳо ҳисоб ёфта, нақбҳои якум ва дуюми сохтмонӣ аз дарвозаҳо гузашта, тақрибан чорсаду панҷоҳ ё панҷсад метрӣ пеш рафта буданд, мо мувофиқи дастур дар ҳамаи минтақаҳо кор мекардем. Мисол, дар толори мошинҳо ё дар ягон минтақаи нақб ба корҳои гуногун мефиристоданд. Ба иҷрои корҳои пармагарӣ, бетонгирӣ, сементасионӣ ва ё ба умури обкашӣ, сангбарорӣ мефиристоданд. Аз нақб обҳои зиёдеро ба воситаи насос кашида мебаровардем. Вазифаро устои қитъа месупурд. Он вақт сардори қитъа Бондаренко Иван Николаевич буд, вақте ки ман ҳамчун устои корҳои кӯҳӣ аз сардори қитъа вазифаро қабул намудам, масъул мешудам ва иҷрооти он вазифаҳоро таъмин мекардам.

Соли ҳаштоду шаш сохтмони неругоҳи барқи обии Норак пурра ба анҷом расид ва аз он ҷо коргарому мутахассисони зиёде ба сохтмони Рогун омаданд. Вақте ки норакиҳоро дар Рогун дидем, ҳақиқатан ҳам дар байни онҳо аз ҷумлаи ҷавонони тоҷик нақбканон, мошинкорон, таркишгарон, пармагарон, ронандаҳо бисёр буданд. Онҳо таҷрибаи даҳ-понздаҳсола доштанд ва мо ин таҳамтанҳои нақбсозиро дида, ҷон гирифтем, боқувват шудем. Мо ҳам соҳибдор гардидем, - гуфтем дар дил, - сад шукр, ки одамони

пешина
аз 216
навбатӣ