Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

мони мо ҳам будаанд. Мисол, нақбканҳои машҳур Саид Асоев, Маҳмад Юсуфов, Маҳмад Шарифов ва дигарон. Саид Асоев унвони ифтихории бинокори хизматнишондодаи ҷумҳурӣ дорад. Соли гузашта бо фармони Президенти мамлакат ба нишони «Шараф» сазовор гардид. Ҳар чизи намефаҳмидаамонро аз онҳо мепурсидем, онҳо ёрӣ мерасонданд, дилдиҳӣ менамуданд.

Аслан бояд эътироф намоям, ки устодони аввалини ман муҳандисони рус ҳастанд. Аз рӯзҳои аввалини ба кори нақбсозӣ шурӯъ намуданам бисёр чизҳоро аз бародарони рус мепурсидам. Онҳо аҷиб хислате доранд: агар дар чашмони кас шавки ҳунаромӯзиро бинанд, ҳунари худро ёд медоданд, шавқро набинанд, ёд намедоданд. Хусусан агар донанд, ки бо кӯр кардани рӯз машғул ҳастӣ, ҳеҷ чизро ёд намедоданд, ҳатто ҳамроҳат гап ҳам намезаданд. Бале, дар байни мо одамоне ҳам буданд, ки вақтро бо кӯр кардани рӯз мегузаронданд.

Ғиёсиддин аз қисмати худ барои он ниҳоят розӣ ҳаст, ки бародаронашро низ ба кори сохтмони неругоҳи Роғун ҷалб карда тавонистааст. Онҳо дар вазифаҳои дуюмдараҷаи мудири анбор, ронандаи дар берун кор мекардагӣ не, балки мисли худаш дар корҳои зеризаминӣ, яъне дар сафи пеши ин сохтмони умумихалқӣ хизмат менамоянд.

  • Додарам Саид соли ҳаштоду чор қарзи Ватанро адо карда, аз аскарӣ омад, - ҳикоят менамояд Ғиёсиддин, - чи тавре ки маълум аст, ӯ узви бригадаи аввалини понздаҳнафара мебошад. Саид касбҳои пармагарӣ, таркишгарӣ, кафшергариро нағз медонад ва тамоми техникаи зеризаминиро идора карда метавонад.

Додарам Баҳриддин касби муаллимӣ дорад. Факултеи синфҳои ибтидоии Донишгоҳи омӯзгориро хатм кардааст, дувоздаҳ сол мудири мактаби миёнаи рақами 27-и ба номи Пӯлод Абдураҳмонов буда, сипас дар ҷамоати Мискинобод кор кард ва муддате чанд дар муассисаи «Хазинаи

пешина
аз 216
навбатӣ