Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Оғохон» хизмат намуд. Ҳоло дар идораи «Тоҷикнакбсоз»
ба сифати ходими компютер масъулият дорад.
Вақте ки додари дигарам Муҳириддин мактаби миёнаро хатм намуд, ҳуҷҷатҳои ӯро барои таҳсил дар шӯъбаи ғоибонаи факултети иншооти гидротехникии филиали техникуми шаҳри Самара, ки дар Роғун кушода шуда буд, супоридам. Баъд дар сехи гулмеҳсозӣ ба кор даромад, зеро мувофиқи қоида то нуздаҳсолагӣ дар дохили нақб кор кардан мумкин нест. Сонӣ ба хизмати аскарӣ даъват шуд, баъд дар сохтмони нақби Анзоб кор кард. Аз он ҷо дар эъмори неругоҳҳои Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Помир-1 бо корҳои нақбсозӣ машғул шуд. Ҳоло дар сохтмони неругоҳи Роғун саҳм мегузорад. Тамоми ҳунарҳои нақбсозиро медонад ва бисёр техникаи зеризаминиро идора карда метавонад.
Додарам Файзиддин аввал ҳамроҳи худам бо ҳунари пармагарӣ машғул гардид, сонӣ ба хизмати аскарӣ рафта, дар Қалъаи Хум сарҳадро дифоъ намуд. Дар муассисаи «Тоҷикнакбсоз» ба сифати пармагари дараҷаи чорум кор карда, дар сохтмон нақбҳои якум ва дуюми сохтмони неругоҳи Роғун ширкат намуд. Ҳоло ҳам дар ин сохтмон кор мекунад.
Ҳине ки додарам Саҳобиддин се-чор сол дар Русия кор
карда омад, шароити кори дохили нақбро аз ман пурсон
шуд. Нағз дар ёд дорам, ки ба вай чунин ҷавоб дода будам: «Додарам, вақте ки дар дохили нақб машғули кор бошӣ, ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки бар сарат санг
мезанад, ё оҳан ва ё ягон чизи дигар». Барои он чунин
гуфтам, ки ӯ пеш аз кор кардан шароитро пурсид ва ман
ҳам ба қароре омадам, то ки вай аз оғоз ҳамаи мушкилотро дониста бошад ва дарк кунад. Бо вуҷуди чунин гуфтанам, Саҳобиддин сари мӯе ҳам накебид ва дар корҳои
бетонӣ шомил шуд. Вақти зарурат дар иншооти неругоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё