Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

«Сангтӯда-1» ва дар сохтмони нақби Шаҳристон хизмат намуд. Ҳоло дар паҳлуи ман кор кардан дорад.

Додарам Илмиддин дар коллеҷи техникии Душанбе таҳсил намуда, касби барққориро омӯхт. Сонӣ дар сохтмони неругоҳи «Сангтӯда-1» кор карда, пас аз анҷоми он ба Роғун омад. Дар нақбҳои якум ва дуюми сохмонӣ, толорҳои мошинҳо ва трансформаторҳо саҳм гузошт. Маълумоти миёнаи ихтисосиро соҳиб шуда, ният дорад, ки касби муҳандисиро омӯзад. «Насиб бошад, ҳоло неругоҳҳои зиёдеро месозем, барои ин хатман бояд муҳандис шуд», - мегӯяд ӯ.

Фақат бародари калонии Ғиёсиддин - Нуриддин ба роҳи бобояш Ҳамроҳ Раҳимзода рафта, касби омӯзгориро пеш гирифтааст. Нуриддин Сангалиевич Хокироев пас аз хатми факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мудири кафедраи илмҳои гуманитарии Коллеҷи техникии мебошад. Коллеҷи техникии Тоҷикистон, ки роҳбари он номзади илмҳои техникӣ Яъқубов Самариддин буда, ин таълимгоҳ 4 факулта дорад ва толибилмон 18 касби муҳимтарини сохтмонӣ, барқӣ, техникиро меомӯзанд. Дар ин донишкада устодони варзида ва номвар фаъолият доранд.

  • Ман ва ҳамкоронам низ ба сохтмони Неругоҳи Роғун иртибот дорем, - мегӯяд Нуриддин Сангалиевич, - дар таълимгоҳи мо бисёр мутахассисони ин сохтмони сарнавиштсоз ва аз ҷумла, ҷиянҳои худам касбҳои техникӣ омӯхтаанд.

Соли 1996 Нуриддин ба шаҳри Бухоро сафар намуда, риштаҳои гусастаро пайванд намуд.

  • Дар деҳаи Шергирони наздикии ин шаҳри бостонӣ хешу табори бобои бузургворам Ҳамроҳ Раҳимзодаро пайдо намудам, - ҳикоя мекунад Нуриддин, - дар он ҷо ҷиянҳояшон мезистанд, барои хабаргирии ду-серӯза рафта будам, вале як моҳ меҳмондориам намуданд. Пас аз чанд муддат онҳо ҳам ба Файзобод омаданд. Вале афсӯс, ки сонӣ бо
пешина
аз 216
навбатӣ