Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

сабабҳои номаълум рафтуомад душвор шудааст. Шукр, ки ҳоло роҳ боз кушода шудааст.

Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,
Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад.

  • Вақте ки дар ҳайати бригадаи аввалин ба Роғун рафтам, - мегӯяд Гиёсиддин, - ҳанӯз оиладор набудам, баъди як соли кор соҳиби оила гардидам. Ҳоло сад бор шукр, ки писарам Меҳроҷиддин се сол боз дар ин сохтмони умумихалқӣ кор мекунад. Мо, бинокорони неругоҳи Роғун аз ташаббуси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамнуну миннатдорем. Маҳз бо кӯшиши он кас дар шаҳри Роғун коллеҷи муҳандисӣ-техникӣ таъсис гардид.

Меҳроҷиддини ман аз ҷумлаи аввалин донишҷӯёни ин коллеҷ буда, дар он касби кафшергари газию барқиро омӯхт ва бо роҳхати ин таълимгоҳ ба сохтмони неругоҳи Роғун ба кор омад. Баробари кор боз ҳуҷҷатҳояшро бо мақсади таҳсил ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи сохтмон ва роҳҳои автомобилии коллеҷи техникии Душанбе супурдааст. «Писарам, роҳи пеш гирифтаат дуруст аст, - гуфтам ба ӯ, - зеро ба як ҷавон омӯхтани чил ҳунар кам аст».

Писари додарам Саид - Суҳайлӣ факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Душанберо хатм кардааст. Ҳоло ӯ дар муассисаи «Спетсгидропроект» дар вазифаи лоиҳакаш кор мекунад.

Писари додарам Баҳриддин - Зиёратшоҳ факултаи барномасозии компютерии коллеҷи техникии Душанберо хатм кардааст. Аслан ӯ аз овони кӯдакӣ ба компютер шавқманд буд, падараш компютер харида, бо он кор карданро омӯхтааст. Бояд зикр кунам, ки ҷиянам Зиёратшоҳ таҳсили коллеҷро бо дипломи аъло ба анҷом расонда, дар озмуни умумиҷумҳурӣ дар соҳаи компютер ҷойи дуюмро ишғол намуд. Дар мактаби деҳа ба сифати муаллими компютер

пешина
аз 216
навбатӣ