Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
кор мекард. Чанде пеш ӯро ба муассисаи «Спетсгидропроект» даъват намуданд, пас аз имтиҳон ба вазифаи хеле масъул қабул кардаанд. Дар ихтиёраш мошини хизматӣ ҳам додаанд. Ҳамчунин Зиёратшоҳ маоши хуб, мукофоти моҳвор мегирад ва роҳбараш гуфтааст, ки дар соҳаи худ барои таҳсил ба Маскав фиристоданӣ ҳастанд.
Зиёратшоҳ дар шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи техникӣ таҳсил дорад.
Ҳамин тавр шукри инояти илоҳӣ, шукри истиқлоли Ватан ва шукри хизматҳою ғамхориҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки мо, ҳафт бародарон ва се нафар фарзандонамон бар ба бари ҳам истода, дар сохтмони умумихалқӣ – Неругоҳи барқи обии Роғун меҳнат мекунем.
Аз меҳнати ҳалол обрӯ ёфтем, шукрона мегӯем, фарзандонро калон кардем, духтаронро ба шавҳар додем, ба писарон арӯс овардем. Касбу ҳунар ба мо маърифат бахшид, ба касею ба чизе мӯҳтоҷ нашудем.
Писаронам Суннатулло дар омӯзишгоҳи оморӣ, Бахрулло пас аз хатми синфи ёздаҳ дар соҳаи барқи коллеҷи техникӣ ва аз ҳама хурдӣ Сабруллоҷон дар мактаби деҳа таҳсил доранд...
Гиёсиддин хоксорӣ карда, маълумоти муҳими дигареро нагуфт. Ӯ узви Раёсати КИМ ҲХДТ мебошад, дар замони шӯравӣ ин масъулиятро узви Бюрои Сиёсӣ меномиданд. Гиёсиддин Хокироев ҳамаи ин боварию мартабаи олиро ба шарофати меҳнати ҳақку ҳалол ёфтааст.
- Мо, коргарон хуб медонем, ки имрӯз сохтмони неругоҳ дар шахси Директори генералии ҶСК НБО Роғун,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Хайрулло Амиралӣ роҳбари кордон, дурандеш, дорои одамияти баланд, ғамхори аҳли заҳматро
пайдо кардааст, - мегӯяд Гиёсиддин. - Орзуи азалии ҳамаи
мо, бунёдкорони иншооти бузург ва умуман тамоми миллати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё