Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
тоҷик он аст, ки бо ҳидояти гаронқадри Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо роҳбарии Хайрулло Сафарзода кулли чархаҳои неругоҳи Роғун фаъол гарданду хонадони тоҷикон чароғистон шавад. Ғиёсиддин ҳар боре, ки ба бахши меҳнатии понздаҳрӯза тайёрӣ мебинад, ҳатман пеш аз сафар аз Модари мушфиқ дуо мегирад.
Модар ҳам даст ба дуо мебардорад:
Бисмиллоҳир раҳмони раҳим,
Ё раббил оламин,
Равшании сафаратон,
Сафари бехатаратон,
Тоҷи давлат дар саратон,
Хӯҷаи Хизр дар баратон,
Пайғамбар шава раҳбаратон.
Ё Худои меҳрубон,
Ҳамин раҳаки моро,
Соғу саломат ба манзил бирасон!
Омин, Аллоҳу Акбар!
Аллоҳума мазидона.
Баракат дар сари соҳиби хона,
Наҳса бихезона,
Ганҷа бирезона,
Ба хурду калони ҳамин хона,
Нуқсон нарасона.
Ҳар муроду мақсаде дар дилаш дора,
Бар муроду мақсад бирасона.
Омин, Аллоҳу Акбар!
Дуои модар дар дохили нақби сарду сернам ҳам ба гӯши Ғиёсиддин садо дода, ҷисму ҷонашро гарму пуркувват нигоҳ медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё