Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

ПИРӮЗИИ МУҲАНДИСИ ТОҶИК

Аслан Хайрулло Амиралӣ Сафарзода баъди бо дипломи сурх хатм намудани Донишгоҳи техникӣ метавонист, ки ба таҳсили аспирантура дохил шуда, бо корҳои илмӣ машғул гардад. Яке аз устодони ӯ Лилия Владимировна Кожарина, ки дар донишгоҳ аз улуми муқовимати мавод ва механикаи сохтмону ба зилзилатобоварии иншоот сабақ меомӯхт, Хайруллоро чун шогирд дӯст медошт, ба ин ваҷҳ ба модари ӯ чунин нома нигошт:

  • Муҳтарама Хуросон Абдулваҳҳобовна!
    Писаратон аълохон ва сардори гурӯҳ аст. Мо, омӯзгорон ӯро ба таҳсили аспирантура тавсия намуда будем. Вале ӯ ин пешниҳодро рад карда, ба мо чунин арз дошт: «Ба назди модар меравам ва ягон кор ёфта, хизмати он касро ба ҷо меоварам!»

Албатта, хислати фарзонаи ба модар хизмат намудани Хайрулло шоистаи ҳазорон таҳсину офарин аст. Лекин шукр, ки Шумо танҳо нестед, Хайрулло бародарону хоҳарон дорад. Ба нисбати ин ки вай дар корҳои илмӣ соҳиби донишу истеъдоди фитри мебошад, ба Шумо ин номаро навиштам. Шумо, модари азизу меҳрубон, писаратонро дар деҳа нигоҳ надоред. Зеро ояндаи ӯ дар шаҳр бузург аст. Шогирди ман - Хайрулло агар таҳсилро идома дода, бо роҳи ҷустуҷӯ ва тадқиқот равад, дар соҳаи худ олими номвари забардасте хоҳад шуд».

Рӯзе модар ин мактубро ба фарзанди дилбанд нишон дод ва гуфт:

  • Бачам, аз донишгоҳ, аз устозат хат омадай, ту ба ин чӣ мегӯӣ?

Аммо Хайрулло ҷавонмарди соҳиби як сухану як амал буда, ҳадафи аслии худро тағйир додан намехост. Барои ӯ муҳим он буд, ки дар назди модар аст!

Дере нагузашта дар Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Иттиҳоди Шӯравӣ ба вазифаи масъуле шомил гардида,

пешина
аз 216
навбатӣ