Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

ба кор шурӯъ намуд. Дар ин вазифа ӯ бо ҷаҳду ғайрати ҷавонӣ бисёр масъалаҳоро ҳал карда, дар иҷрои мушкилот кордонию донишмандии худро нишон дод. Ба ин ваҷҳ маҳорату маърифати Сафарзода аз роҳбарон маҳфуз намонданд ва ӯро ба вазифаи боз ҳам масъултаре даъват намуданд. Ӯ дар Раёсати обёрии даштҳои Данғара ба мансаби фармоишгар таъйин шуда, ҳар рӯз аз соати панҷи субҳ то соати дувоздаҳи шаб ифои вазифа менамуд. Ба ҳамин минвол дар кори халқу давлат хастагиро намедонист ва аз натиҷаҳои вазифаи хеш масрур гаштаву огоҳӣ дошт, ки мувофиқи нақшаҳои ҳукумати он давр дар саросари Данғара бояд сад совхоз бунёд мегардиду обёрӣ мешуд. Дар ин хоҷагиҳо пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғу ангурпарварӣ, кишти сабзавот ва дигар соҳаҳо бояд ривоҷ меёфтанд. Хайрулло таъсиси ин хоҷагиҳоро хаёлан тасаввур менамуд ва мамнун мегардид, ки барои ҷавонон ҷойҳои хеле зиёди кор пайдо мешаванд ва рӯзгори мардум боз ҳам фараҳбахшу саодатманд хоҳад шуд...

Вале таассуф, ки гардиши гардун тамоман ба таври дигаргун омад ва ӯ муддате ба ҳайси сардори сохтмони асосии Вазорати саноату барқ хизмат намуд.

Моҳи январи соли 2010 шоҳроҳи поки зиндагии Хайрулло Сафарзода ба шаҳри нурофарони тоҷик – Норак инон бартофт ва ин шаҳр дар остонаи панҷоҳсолагии бунёди худ аз кордонию фазилати чунин роҳбари соҳибмаърифату некуниход саодату ободонии фаровоне ёфт. Аслан раиси шаҳри Норак таъйин гардидани Хайрулло Сафарзода аз ду ҷиҳат фоли неке дошт: ҳам барои ба таври шоиста пешвоз гирифтан ва гузаронидани ҷашнинимасраи Норак, ҳам дар оянда барои дар санҷишу имтиҳони навин ва хеле шадиду доманадори сатҳи байналмилалӣ пирӯзу комгор шудани лоиҳаи Неругоҳи сарнавиштсози миллати мо – Роғун мебошад: яъне ба он маъно, ки Норак барои фарзанди садоқатманд як навъ ҷавлонгоҳи минбаъдаи фаромӯшнопазири омӯзиш ва пажӯҳиш гардид...

пешина
аз 216
навбатӣ