Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Бо роҳбарии Хайрулло Сафарзода дар ҷашни Нораки фурӯзонфар хиёбонҳои дилпазир, Қасри фарҳанг, боғчаи нави замонавӣ, роҳҳои байни деҳоти атроф, майдончаҳои варзишӣ, боғистони гуногун навгониҳои ин шаҳри таҷриҳӣ гардиданд. Мардум яке аз хиёбонҳои зеботаринро, ки дар ин айём дар соҳили Вахшрӯд бунёд шуд, барои номмонӣ ба девони Хоҷа Ҳофизи лисонулғайб муроҷиат намуда, Гулгашти Мусалло хонданд, бале, ин гулгашт зодгоҳи ғазалсарои бузургворро зеб мебахшад ва чаро имрӯз Нораки накӯсияру нуртироз дар радифи Шероз набошад?

Ва аз ҳама муҳимтар он аст, ки Хайрулло Сафарзода ба тӯли ду соли раиси шаҳри Норак будани худ чун фурсате меёфт, ҳамвора ба неругоҳи бузург омада, бо муҳандисони он суҳбату мулоқот мекард, зеро ба ин завқмандӣ дошту офаридаи дастони заҳматкаши одамизодро аз наздик медид ва мафтуну тасхир мегардид. Хусусан он барояш ниҳоят хушоянду завқангез буд, ки дар бораи роҳбарони сохтмони ин муъҷизаи беназири олам пайваста маълумот пайдо намояд.

Хайрулло Сафарзода аз солҳои мактабхонӣ ба мутолиаи китоб дилбастагӣ ва меҳри беандоза пайдо кард. Ин завқи дӯстдории китобро модари меҳрубонаш дар дили ӯ бедор намуда буд. Вай дар синни нӯҳсолагӣ аз навозиши падари бузургвор ҷудо гардид. Баъд аз фавти қиблагоҳ модари меҳрубон ба ҷойи падар ҳам фарзанди азизашро дӯстдорӣ ва тарбият менамуд. Модар, ки худ зодаи хонадони хатмкардагони мадраса ва муътабарин буд, чор писару чор духтарашро низ ба ҳамин шоҳроҳи фазилатпешагон дарси адаб меомӯхт ва барояшон чароғи маърифат меафрӯхт. Дар ин оила ҳар тифле, ки ба мактаб мерафт, ба ғайр аз рӯзномаи мактабӣ, рӯзномаи алоҳидаи дигаре дошт, ки онро «Рӯзномаи модар» меномид ва дар ин дастурнома сабақҳою супоришҳои хосаи волидайн сабт мегардиданд. Ва модар мувофиқи дарсомӯзию пешравии кӯдак

пешина
аз 216
навбатӣ