Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
дар ин рӯзнома баҳои худро мегузошт. Ба шарофати ҳамин Хайрулло «Мактаби куҳна», «Одина», «Дохунда», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳои устод Садриддин Айнӣ, осори устодон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, манбаҳои адабиёти классикӣ, инчунин китобҳои адибони дигар халқҳоро мутолиа кардааст.
Дар бораи иншооти оламшумули Норак романҳои нависандагони халқии Тоҷикистон, устодон Юсуф Акобир «Норак» ва Муҳиддин Хоҷазод «Обрӯшной», қиссаҳои мустанади Лариса Коробова «Алвидоъ, Тутқавул», Наталя Морозова «Ҳисоли Норакниҳод», ҳамчунин бисёр очеркҳо ва мақолаҳои адибони тоҷику русро хондааст ва роҷеъ ба ин асарҳо дар дафтари хотироташ қайдҳо кардааст.
Хайрулло Сафарзода оид ба ҳаёт ва фаъолияти роҳбари аввалини сохтмони Неругоҳи Норак Семён Константинович Калижнюк ва сарварони минбаъдаи он Константин Владимирович Севенард, Егор Кузмич Седих, Юрий Константинович Севенард (писари Севенардӣ аввал) ва дигарон мақолаю рисолаҳо хонда, маълумоти зиёде андӯхта буд. Бо вуҷуди ин мехост, ки доир ба корномаҳои ин шахсиятҳо боз ҳам маърифати бештаре дошта бошад. Ба фикри ӯ чунин маълумоти бикру тозаро аз забони муҳандисоне, ки дар соҳаи сохтмони неругоҳҳо кор кардаанд ё неругоҳҳоро идора менамоянд, шунидан мумкин буд. Бинобар ин Хайрулло Сафарзода аксари ин муҳандисонро шахсан мешинохт ва бо онҳо пайваста мулоқот менамуд. Ва ҳамчун раиси шаҳри бахшандаи нуру зиё ва гармии ҳар як хонадони диёри арҷмандаш ба тармими ҷории неругоҳи муҳташам мадад мерасонд. Муҳандисини сарчашмаи анвори мамлакат ва кулли кормандони онро низ вақти зарурат то охирин имконот дастгирию ёрмандӣ менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё