Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Хайрулло Сафарзода шоҳроҳи зиндагиро устуворона паймуда, барои ободии халқу диёр ба ҳама гуна хизмат ва корномаи омода буд. Тарбияи модари мушфиқу хонавода, таҳсили бомуваффақияти мактабу донишгоҳ ва иҷрои силсилаи вазифаҳои ниҳоят масъулу баландмартаба ӯро ҷисман ва рӯҳан обутоб доданд. Вай ҳамчун як фарзанди сарсупурдаи Ватани азиз ба камол расида буд. Ҳамон рӯзе ки Пешвои муаззами миллат ба Хайрулло Сафарзода вазифаи роҳбарии кулли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғунро пешниҳод карданд, аз сонияи нахустин чунин намуд, ки ин барои ӯ имтиҳони бузургест ва гӯё тамоми ҳаёташ то ин лаҳза комилан ба тайёрии ҳамин имтиҳони користони сарнавиштсози миллат сарф гардидааст.
Вале ӯ ҳоло намедонист, ки ба лоиҳаи сохтмони Неругоҳи Роғун низ имтиҳони басо беназири сатҳи байналмилалӣ интизор аст. Ба пеш рафта ҳаминро гуфтанием, ки насибаи қисмат будааст, ки Хайрулло Сафарзода ҳамчун роҳбари ин сохтмони азамати энергетикӣ комёбу музаффар гардида, саҳеҳияти лоиҳаи Неругоҳи Роғунро низ комилан ба пирӯзӣ расонид...
Хайрулло Сафарзода дониши бисёр баланду амиқи техникию фалсафӣ дорад ва ӯ метавонад, ки ба лаҳзаи кӯтоҳе вориди лоиҳа шавад. Маърифати раис фақат бо ҳамин анҷом намепазирад. Дар коргоҳи вай китобҳои муътабари «Хамса»-и Низомӣ, Маснавии Маънавии Мавлавӣ, «Кимиёи Саодат» ва дигар асарҳои пурмуҳтавою гаронқадри бадеиро дидан мумкин аст. Хайрулло Сафарзода бо забони тоҷикӣ зебо такаллум менамояд, ашъори бузургони миллат, хосатан устод Лоиқ ва дигар шоирони ҳамзамонро ба мавқеъ истифода мебарад ва аён аст, ки барои ғановату рангинии сухан аз ин ганчинаҳо истифода мекунад...
...Муҳандиси «ЧеркейГЭСстрой»-и Ҷумҳурии Доғистони кишвари Федератсияи Русия Зуғаир Алиевич Османов

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё