Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

муддатест, ки бо иддае аз ҳамкорону васоити техникӣ ба Тоҷикистони маҳбуби мо барои ёрӣ расондан дар сохтмони неругоҳҳо омадааст. Дар ибтидо аз ҷумлаи ҳамкорони мо дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 хизмат намуда, сипас ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун муваззаф шудааст.

Зугаир Алиевич дар бораи ташкили тими Хайрулло Амиралӣ Сафарзода бо меҳру муҳаббат чунин мегӯяд: маълум аст, ки роҳбари нав дар гирду атрофаш ҳамнавъону ҳамрангони худро ҷамъ менамояд. Ман шоҳиди он будам, ки Хайрулло Сафарзода ба роҳбарии сохтмони Неругоҳи Роғун масъул гардида, мисли худаш бештар муҳандисону мутахассисони соҳиби донишу маърифати баланд ва ҷаҳонбинии васеъро ҷамъ намуд. Инҳо муҳандисони хеле варзидаву соҳибтаҷриба буда, ҳатто як теъдодашон дар кишварҳои Нигерия, Ҳиндустон, Канада вазифаҳои мураккабу масъулро анҷом додаанд, иддае дигар дар сохтмони неругоҳҳои Норак, Бойғозӣ, Помир, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 хизмат кардаанд. Аз ҳама муҳимаш он ки инҳо мисли Хайрулло Сафарзода фидоии ҳамин мулку ҳамин халқ, соҳиби тамкину одоб ва фарҳанги баланд, дорои маърифати олии муҳандисӣ буда, зимни ҷаласаҳои техникӣ ба шӯру гиреви беҳуда роҳ намедиҳанд ва дар боби корҳои анҷомёфта оромона сухан меронанд ва масъалаҳою мушкилоту вазифаҳои дар пеш истодаро возеҳ баён медоранд, доир ба муаммоҳои хизматӣ оромона изҳори ақида намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро бо далелҳо боварибахшу муътамад нишон медиҳанд.

Дар чунин ҷаласаҳои дигар роҳбарон ман бештар ҳарҳаша, доду фарёдҳоро медидаму мешунидам. Дар дафтари кории Хайрулло Сафарзода ҳар як шахси масъул аз боби кору амали хоси хеш оромона ва бо далелҳои қотеъ ибрози назар менамояд. Ҷаласаҳо низ дуру дароз давом намеёбанд, масъалаҳои чигил ба зудтарин фурсат ҳаллу

пешина
аз 216
навбатӣ