Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

фасл мегарданду ҳама аз пайи иҷрои вазифаи хеш мешаванд. Дар ин ҷо аз гавгою машғала дида ташвишу ҳаракати анҷомдиҳии кор бештар аст.

«Бо тамкин гуфтугӯ намуда, масъалаҳои ба кор вобастаро ҳал кардан мумкин будааст-ку» мегуфтам худ ба худ. Ҳамин тавр дар ҷаласаи дафтари кории Хайрулло Сафарзода борҳо ширкат варзидаам, вале ягон маротиба дар ҳузури ӯ шӯру мағал рух надодааст, ҳатто касе бо овози баланд ҳарфе ҳам нагуфтааст. Лекин дар ҷаласаҳои аксари кулли роҳбарони сохтмонҳо, ки қаблан ман он ҷо кор мекардам, ҷанҷолу беназмии нолозиму беҳударо бисёр дидаам. Боре аз як муҳандис, ки дӯсти наздики ман аст, дар суҳбати хоса, пурсон шудам, ки магар тоҷикон бо овози пасту оромона изҳори ақида кардан наметавонанд, ки доим дар ҳар ҷаласаҳо дӯғу пӯписаю магали гавгоро мебинам? Ин дӯстам каме ба хаёл рафту гуфт: «Бародар, мо, тоҷикон дорои маърифату фарҳанги бостонӣ ҳастем ва аз замонҳои пешин китобхон, китобнавис, китобдор мебошем. Тоҷикон қалъаҳою шаҳрҳои қадимиро бунёд кардаанд, ҷӯйҳо ва рӯдҳо кандаанд, боғҳо ва чаманистонҳоро оростаанд, соҳиби кишвари маъмуру зебо буданд ва ҳастанд. Дар наздикии шаҳри Панҷакент бостоншиносони мо бо роҳи ҳафриёт шаҳри қадимаи Саразмро пайдо кардаанд, ки маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷиконро нишон медиҳад ва он таърихи 5500-сола дорад.

Вале баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар оғози Истиқлолият дар диёри мо ҳизби иртиҷоӣ рӯйи кор омад ва иғвогарони ин ҳизб дар талоши мансабу вазифа ва маҳалгароии шадид афтода, дар байни як халқу як миллати тифоқ тухми бегонагию нифоқ пошиданд ва дар кӯчаю майдонҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳӣ митингҳои сергавго ташкил намуданд. Баъзеҳо ҳамин баландгӯию гулӯдаррониҳо, мағалбозию дагалсозиро чун

пешина
аз 216
навбатӣ