Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

усули баёни фикр пазируфтаанд ва ин тоифа бо чунин тариқаи баёни такаллум ва ибрози тафаккур камбинию камдонии худро маҳфуз медоранд. Мутаассифона, дар баъзе ҷойҳо хурдсолон низ ба ҳамин тартиб бо ҳамдигар муомила менамоянд, сухангуии онҳо ба ҷанҷолу хархаша мемонад. Лекин аслан тарзи суханронии мо ва баёни фикру ақидаи тоҷикон бо оҳанги тамкин ва солор ҷараён мепазирад, чӣ тавре ки намунаи беҳтарини онро мо дар ҷаласаҳои корӣ бо роҳбарии Хайрулло Сафарзода мебинем».

Пас аз тавзеҳоту ташреҳоти дӯсти муҳандисам бисёр чизҳо ба ман аён гардиданд. Мо дар диёри худ - Доғистон халқи тоҷикро дар байни собиқ халқҳои шӯравӣ ба мисли халқи арман дорои таъриху фарҳанги боғановату бостонӣ, адабиёти ниҳоят қадимӣ ва олимону шоирони бузург меҳисобем. Ва баъди сӯҳбати дӯсти муҳандис дар дилам ҳамин ақидаи пешин боз ҳам устувор гардид ва ин ақида хусусан дар дафтари кории Хайрулло Сафарзода доимо тақвият меёбад.

Хеле мамнунам, ки аз давраи аввали фаъолияти Хайрулло Сафарзода дар вазифаи Директори генералии ҶСК НБО Роғун ман ҳамчун муҳандис дар сохтмони банди муҳофизатии сойи Оби Шӯр муваззаф гардида, дар бунёди он роҳбарӣ намудам...


Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Неругоҳи
барқи обии Роғун сурат гирифт. Сардори давлат бо ҳамон
дақиқназарӣ ва мушоҳидакории амиқ, ки хоси он кас аст,
аз минтақаи Сичарог то сойи Оби Шӯр тамоми нукоти ин
користони сарнавиштсози Ватанро аз назари борикбини
худашон гузаронда, вазифаҳои иҷрогашта ва масъалаҳои
ҳалшударо дида хурсанд гардиданд, бо иддае аз қаҳрамонони

пешина
аз 216
навбатӣ