Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
майдони зарбдор мулоқот ороста, суҳбатҳои хотирмон карданд ва албатта, ҳаллу фасли як силсила корҳо, масъалаҳо ва муаммоҳоро низ ҷиддан таъкид намуданд.
Директори генералии ҶСК НБО Роғун Хайрулло Сафарзода дастуроту супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар дафтари хотироти худ сабт карда, пас аз гусел намудани он кас мустақиман ба назди модараш омад.
Хайрулло Сафарзода аз давраи ба меҳнат оғоз намуданаш мувофиқи одат воқеоту масъалаҳои муҳими кору ҳаёташро қабл аз ҳама ба модараш гуфта, аз фикру мулоҳизаҳои он кас огоҳ мегардад. (Солҳои донишҷӯӣ навигариҳои таҳсил ва рӯзгорашро тавассути нома ба модар ирсол менамуд ва аз волидайн ҳатман ва бидуни таъхир посух мегирифт. Модар дар бораи кулли масоили иброздошти писараш андешаҳои худро ошкоро менигоҳт).
Албатта, имрӯз зимомдори ин сохтмони муҳими кишвар Хайрулло Сафарзода рӯҳи болидае дошта, хушҳолу мамнун буд, ки Пешвои муаззами миллат аз корҳои анчомёфта қаноатманд гардиданд ва дар баробари ин супоришҳои бисёр доданд, ки онҳоро ба таври оҷил ва бо сифати баланд бояд иҷро намояд.
Ба ҳамин ваҷҳ ӯ бо шукуфтарӯй ба дидори мубораки модар расида, сухан аз он боб оғоз намуд, ки Ҷаноби Олӣ аз натиҷаи корҳои сохтмони неругоҳ хеле хурсанд шуданд.
Вале модар чеҳраи ҷиддӣ дошт ва ҳеҷ хурсандие изҳор намекард. Ӯ чанде бо ҳамон чеҳраи ҷиддӣ ба фарзандаш нигаристу сипас гуфт:
- Писарам, ба ту сиҳатию саломатӣ, умри дарози пурбаракат ва хонаи обод мехоҳам. Дар ин ҷода модарвор амр медиҳам, ки ба Президент, халқу Ватан содиқона хизмат бинамо. Роғунро бо сатҳу сифати олӣ бисоз! Вақте ки Неругоҳи барқи обии Роғун пурра ба кор даромад, он гоҳ ҳамчун модар бо дилпурӣ мегӯям: фарзанди ман дар ҳақиқат мардона кор карда, супоришро ба иҷро расондааст. Дар он сурат ризомандии комили маро соҳиб хоҳӣ шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё