Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Ҳозирон аз суханони самимона ва меҳрубони модар ба ваҷд омада, хеле мутаассир шуданд.
Хайрулло дар посух ба модар бо миннатдорӣ чунин гуфт:
- Модарҷон, ман суханони Шуморо ҳамеша мепарастам ва қадр мекунам. Бар ин мекӯшам, ки ҳар як амратонро сидқан иҷро намоям. Назари ман нисбати ба охир расонидани сохтмони Неругоҳи Роғун комилан қатъист! Роҳи кулли кормандони сохтмон ҳамин тавр ба пеш рафтан аст. Ҳадафи қатъии Сардори давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ободонии диёрамон ва осоиши мардум аст. Мо фақат бо ҳамин роҳи пеш рафтану ба даст овардани пирӯзӣ хонаи халқамонро равшан ва гарм карда метавонем...
Пешвои муаззами миллат дар суҳбат бо бинокорони неругоҳ гуфтанд, ки дар дурдасттарин деҳа ҳам бояд хонаи мардуми мо доим бо барқ таъмину нурафшон бошад, то ки вақти зарурат модари ҷавон шабонгаҳон низ ба тифли худ бо хотири ҷамъ шир макондан тавонад. Ҳакимони замонҳои қадими халқи тоҷики мо гуфтаанд, ки ҷойгоҳи кӯдак ҳамеша равшан бошаду вақти шир макидан бояд ба чеҳраи модар нигарад ва дар ин лаҳза модар низ рӯйи тифли худро бубинад. Фақат дар чунин ҳолат шири модар ба ҷисму ҷони фарзандаш бештар мефорад ва солимии вуҷуди ин навруста боз ҳам хубтару беҳтар мегардад. Нури ниҳонии чеҳраи модар барои тифл вақти шир хӯрдан ба таври мӯъҷизавӣ шифо мебахшад.
Чун ҳамеша суханони Роҳбари давлатамон ба бинокорони неругоҳ ниҳоят таъсир бахшиданд. Инро аз чеҳраҳои онон мушоҳида намудан мумкин буд.
Хайрулло Сафарзода суханони пурҳикмати Пешвои муаззами миллатро ба модар ҳикоя намуд ва ҳаминро низ ба волидаи меҳрубон арз кард:
- Модарҷон, минбаъд дар бобати сохтмони Неругоҳи Роғун супоришҳои Шумо бароям баробари амру фармонҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё