Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Президенти мамлакат ва вазифаҳои хидматии ман арзиш хоҳанд дошт.
- Илоҳӣ, барака биёбӣ, писарам, - модар дастони худро ба дуо бардошт...
Ин суҳбат дар давраҳои оғози фаъолияти Хайрулло Сафарзода ҳамчун роҳбари сохтмони Роғун рух дода буданд.
Пас аз чор-панҷ моҳи ба вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун таъйин гардидани Хайрулло Сафарзода, саҳеҳтараш 16 июли соли 2012 коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ бо мақсади тадқиқоти Асосноккунии техникию иқтисодӣ ва Баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи Неругоҳи Роғун ба фаъолияти густардае шурӯъ намуданд.
- Ҳақиқатан ҳам агар аз рӯйи инсоф гӯем, - зикр менамояд Хайрулло Сафарзода, - бо даҳолати Бонки Умумиҷаҳонӣ ба лоиҳаи Неругоҳи Роғун мо ҳам ба корҳои худ дубора назар намудем, албатта, ин нуқтаю назарамон танқидӣ буд. Агар камбудиҳо пайдо шуда бошанд, ҳатман бартараф гардиданд. Дар фарҷоми ин мо гуфта метавонем, ки корамон нисбати лоиҳаи Роғун комилтар ва пурратар шуд. Ин ҳама ба шарофати хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ мутахассисони хеле варзида, донишманд ва машҳури арсаи олам ҳисоб меёбанд. Онҳо дар натиҷаи омӯзиши амиқи лоиҳаи Роғун ва муоинаи дақиқи нуқоти гуногуни ин неругоҳи барқи обӣ бартараф кардани баъзе минтақаҳои ба назари онҳо як дараҷа нопойдор, хатарнок дар мақоми инод ва инкор ба маъмурияти сохтмон як силсила пешниҳодҳо ироа намуданд.
Эроди аввалину асосии намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ин буд, ки аз рӯйи ақидаи онҳо Неругоҳи барқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё