Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
обии Роғун дар минтақаи зилзилаи нӯҳу даҳбала воқеъ гардидааст ва бинобар ин сохтмони чунин азамати энергетикӣ дар ин макон ғайриимкон аст. Масалан, сокинони қитъаи Аврупо, ки дар ҷаҳон аз ҳама соҳибтамаддун ва бомаърифат ҳастанд, эъмори ин қабил неругоҳро дар чунин минтақаи хатарнок мамнӯъ меҳисобанд.
Вақте ки Ҳукумати шӯравӣ солҳои шастуми асри гузашта Неругоҳи барқи обии Норакро дар қалби кӯҳсор бо ғайрату ҷасорати беназир бунёд менамуд, сиёсатмадорони арбадаҷӯйи амрикоӣ тибқи одати иғвогарии худ ҳангома бардошта буданд, ки СССР сохтмони неругоҳи бузурги баркро дар минтақаи зилзилаи нӯҳбала оғоз карда, дар соҳаи энергетика хаёли хом мепарварад. Ҳол он ки баҳри маснӯи он дар фарҷоми як зилзила саропои минтақаи Осиёи Миёнаро дар зери обу гил мегузорад.
Лекин бо вуҷуди ин иғвогарию буҳтони бебунёд ҳамон вақт Ҳукумати Шӯравӣ тавонист, ки дар назди тамоми оламиён асоснокии техникию иқтисодию экологии лоиҳаи худро исбот намояд. Чӣ тавре ки ба ҳамаи ҷаҳон маълум аст, ин асоснокӣ ва ҳақиқат шукрона, ки то имрӯз бобақою пойдор аст!
Директори генералии ҶСК НБО Роғун Хайрулло Сафарзода, ки муҳандиси маслакӣ ва хеле соҳибмаърифат аст, бо далелҳои қотеи олимона дар назди коршиносони баландмартобаи Бонки Умумиҷаҳонӣ исбот намуд, ки агарчӣ дар лоиҳа минтақаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун заминларзаи нӯҳбала зикр ёфта бошад ҳам, дар ҳудуди обанбори Норак ва Роғун ягон маротиба ба ин дараҷа зилзила ба амал наомадааст. Таърих дар ин мулку макон чунин зилзиларо ҳаргиз ёд надорад! Бо вуҷуди ин дар пеши назари олимону донишмандони оламшумули Бонки Умумиҷаҳонӣ муҳандиси заковатманди тоҷик дар амсилаи (макет) сарбанди бо баландии 335-метраи Неругоҳи Роғун санҷиш гузаронд ва дар зимни ин аён шуд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё