Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

сарбанд дар зилзилаи нӯҳбала, ки 5 дафъа такон хӯрда бошад ҳам, ҳеҷ осебе надид. (Аз даргоҳи Худованди мутаъол ниёзмандии дорем, ки ягон неругоҳи Тоҷикистони маҳбуб имрӯз ва оянда ҳам ҳаргиз зиён набинад, то бод чунин бодо, Поко, Парвардигоро, омин, Аллоҳу Акбар!)

Баъд аз чунин намоиши амсилаи сарбанди олишони асосан аз маводи маҳаллӣ бунёдгардидаи Неругоҳи барқи обии Роғун ин масъалаи ниҳоят ҳассос, ки сохтмони азамати энергетикии диёри моро анкариб зери суол гузошта буд, куллан бартараф шуд. Воқеан ин нахустин пирӯзии муҳандиси ҷӯянда ва соҳибистеъдоди тоҷик Хайрулло Сафарзода ҳисоб меёфт, ки барои анҷоми вазифаи зикршуда дастур ва ҳидояти хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва дуои модари мушфиқро гирифта буд.

Ба ҳамин минвол дар боби саҳеҳият ва ҳаққонияти лоиҳаи сохтмони Неругоҳи Роғун як қадам ба пеш гузошт. Вале масъалаҳои душворҳал ҳоло хеле бисёр буданд.

Эроди дигар ин буд, ки мутахассиси соҳаи хокшиносии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар соҳили рости Вахшрӯд, дар рӯ ба рӯйи пули сойи Оби Шӯр лағзиши бузургеро пешгӯйӣ намуд ва гӯё ин ҷо ярҷе фурӯ рехта, пеши дарёро мебандад. Дар фарҷом он ҳисороти зиёде меорад ва ё умуман неругоҳро аз байн мебарад.

  • Дар натиҷаи ҷустани чораҳои фаврии илмӣ, - зикр менамояд Хайрулло Сафарзода, - аз кишвари Швейтсария мошини пуриқтидори ҳаффорӣ оварда, ҳамон минтақаро то ба умқи як километр ҳаффорӣ кардем ва мутахассисони баландпоя таркиби хокро таҳқиқ намуда, ба хулосае омаданд, ки дар ин ҷо аз ярҷ ва лағзиш нишоне нест, балки дар макони мазкур воқеаҳои бисёр кӯҳнаи геотектоникӣ рух додаанд ва то имрӯз ҷойи худро гирифта ором шудаанд. Яъне илман исбот шуд, ки ин қисмати кӯҳ лағжанда нест.
пешина
аз 216
навбатӣ