Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Олими амрикоӣ Пол Маринос пас аз таҳқиқ роҷеъ ба ҳамин ярчи сохта иброз дошт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин минтақаи лағзишӣ нест, балки аз тарафи Офаридгор ба ҳамин шакл бунёд гардидааст. Ҳароина минтақаи мазкур бояд таҳти назорати доимӣ бошад!
Коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ Шикасти Ёнахш, Шикасти Сиву Панҷ ва Шикасти Гули Зиндонро низ аз хатари зилзила камтар ҳисоб намекарданд. Ин шикастҳои зеризаминӣ аз дараи Камолӣ оғоз меёбанд (дара аз минтақаи сарбанд тақрибан панҷ километр дуртар аст) ва аз наздикии пешсарбанду нақбҳои як ва ду гузашта, ба тарафи ноҳияи Рашт тӯл мекашанд. Бо талаби намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳама эродҳои ширкатҳои швейтсарӣ ва эронӣ бо далелҳо исбот карда шуданд, ки инкишофи ин шикастҳо соле як ё ду миллиметр буда, яъне хеле каманд ва ҳамин низ бо намакҳо мамлӯъ ҳастанд. Биноан ба фаъолияти неругоҳ халал намеоваранд ва бо чунин исбот баҳс ба итмом расид...
Сипас Хайрулло Сафарзода тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишудаи ҳукумат бо иддае ҳамкорон бояд ба Амрико сафари хизматӣ анҷом медод. Боз ҳам бо мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҷаласаҳо ширкат варзида, салоҳияти лоиҳаи Неругоҳи Роғунро бояд ҳимоя мекард. Лекин дар ҳамин вақт бемории бародари калонии вай – Файзулло хеле авҷ гирифта буд. Бале, ин ҳамон бародараш – Файзулло Амиралиев, ки соли 2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, баъд аз анҷоми ваколаташ муовини раиси Кумитаи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали кишвар таъйин шуд.
Раис ин ҳолати бародари азизашро дида, басе азият кашид. Табибон кӯшиш менамуданд, ки вазъи беморро беҳтар бикунанд. Дарвоқеъ ҷаҳду талоши онҳо ёрӣ расонд ва ҳолати Файзулло Амиралиев андаке беҳтар шуд. Ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё