Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҳамин минвол Хайрулло Сафарзода ба сафари хизматӣ рафтагор гашт. Вале тассуф, ки беҳбудии бемор бодавом нашуд. Ва раис дар хориҷа бо дарду алам аз фавти бародар огоҳӣ ёфт. Ин сафари хизматӣ басе вазнин бошад ҳам, ӯ супориши Президент, халқу Ватан ва модарро ба анҷом расонид...

Баъдан мубоҳисаҳо роҷеъ ба толори мошинҳо ва масоили русуботу обовардҳои Вахшрӯд ва ба иртиботи ин баландии аслии сарбанди Неругоҳи Роғун, яъне 335 метр оғоз ёфтанд...

  • Лекин баҳсу талошҳо дар қисмати толори мошинҳо хеле ҷиддӣ буданд, - мегӯяд Хайрулло Сафарзода, - ҳарифони мо дар қисмати мавқеи агрегатҳои шашум ва панҷум бисёр мушкилот пеш оварданд ва ҳатто метавонистанд, ки бо ин эродҳо сохтмони иншоотро қатъ намоянд.

(Тибқи қоидаи сохтмони неругоҳ агрегатҳои он аз охир насб карда мешаванд, масалан, шашум, панҷум, чорум ва ғ.)

Коршиносони Бонки Умумиҷаҳонӣ ақидаи хешро дар он хусус баён медоштанд, ки хоку сангҳои минтақаи агрегатҳои зикршуда фарсуда гардида, камқувват мебошанд. Ва аз ин рӯ бори вазнини тоб хӯрдани агрегатҳоро бардошта наметавонанд. Бинобар ин пешниҳод намуданд, ки агрегатҳои 5 ва 6-ро аз толори мошинҳо бароварда, дар берун ҷойгир бикунем. Ба берун баровардани ин чархаҳо кори ниҳоят мушкил, анкариб иҷронашаванда ва ба ибораи дигар гӯем, амалиёти дӯзахӣ мебуд. Онҳо роҷеъ ба устувории деворҳои толори мошинҳо низ эътимоди куллӣ надоштанд. Мутахассисони ин муассисаи хеле боэътибори байналмилалӣ ба исрор талаб менамуданд, ки сангу хоки гирду атрофи агрегатҳои панҷу шаш ва деворҳои толори мошинҳо дар озмоишгоҳҳо бояд дақиқан санҷида шаванд. Эътимод фақат ба озмоишгоҳҳои шаҳри Турини кишвари Итолиё ва Донишгоҳи техникии шаҳри Теҳрони давлати

пешина
аз 216
навбатӣ