Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Эрон буд. Тавре ки маълум аст, сангу хок аз қаъри замин гирифта мешуд ва барои ин ҳам дастгоҳу асбобҳои махсуси хориҷӣ ба кор меомаданд. Кулли ин корҳо бо сифати баланд анҷом ёфта, аз амиқии зарурии толори мошинҳо ва деворҳои атроф лӯламағзҳо гирифта шуданд. Сипас лӯламағзҳоро дар шонздаҳ адад сандиқҳои тахтагини маҳкам гузоштанд, то аз ҳаво маҳфуз бошанд.

Бад-ин васила муаммои дигаре пеш омад, ки ба интиқоли шонздаҳ сандиқи лӯламағзҳо вобастагӣ дошт. Ҳашт сандук лӯламағзҳоро ба шаҳри Теҳрон ва ҳашт сандуки дигарро ба шаҳри Турини Итолиё тавре фиристодан зарур буд, ки ин сандуқҳо то расидан ба ҳуҷраҳои озмоишгоҳҳо кушода нашаванд. Зеро расидани ҳаво ба сангу хок ва сифати санҷиш халал меовард. Ин талаби коршиносон мувофиқи дастуру қоидаи илмии санҷиш буд.

«Пас чӣ бояд кард, — саволомез андешид Хайрулло Сафарзода, — хатти сайри мустақими тайёра аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Турин алҳол нест. Хайрият, ки аз Душанбе то Теҳрон тайёраҳо парвоз менамоянд. Ва шояд хатти парвоз аз Теҳрон ба Турин бошад? Инро аз ҳамкорони эронӣ пурсидану фаҳмидан мумкин, — ба фикр рафт Директори генералӣ ва роҳбари ширкати «Сомониён»-и кишвари Эрон муҳандис Мехинродро ба хотир овард. Ширкати «Сомониён» дар яке аз нуқтаҳои Неругоҳи Роғун ифои вазифа менамуд».

Алҳамд ба Кирдгор, ки муаммоҳои кору зиндагӣ кушоиш ҳам доранд. Дар суҳбат маълум шуд, ки Мехинрод ҳамсабаки раиси Донишгоҳи Теҳрон, профессор Мӯсавӣ будааст. Дар озмоишгоҳҳои ҳамин донишгоҳ лӯламағзҳои Неругоҳи Роғун санҷида мешуданд.

Дар байни Теҳрон ва Турини Итолиё низ хатти парвоз фаъол будааст.

Ба ҳамин минвол муҳандис Мехинрод ба Теҳрон сафари махсуси хизматӣ анҷом дода, лӯламағзҳоро ба озмоишгоҳи

пешина
аз 216
навбатӣ