Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Теҳрон супурд ва қисмати дигари онро мустақиман ба шаҳри Турини Итолиё равон кард.
Бояд зикр намуд, ки дар замони шӯравӣ ҳам, яъне он вақте ки лоиҳаи сохмонии Неругоҳи Роғун таҳия мегардид, чунин санҷишҳо сурат гирифтаанд. Он айём ин амалро озмоишгоҳи Донишгоҳи миллии Қирғизистон иҷро кардааст. Аҷоибот дар ин аст, ки дар бораи лӯламагзҳои толори мошинҳои Неругоҳи Роғун маълумоти озмоишгоҳи Донишгоҳи Теҳрон бо маълумоти дар ин бобат анҷомдодаи бародарони қирғиз тақрибан якрангу баробар буданд. Ин далел ҳам гувоҳи муқаввӣ, мустаҳкам ва бетағйир будани сангу хоки толори мошинҳои Неругоҳи Роғун мебошанд.
Бо вуҷуди ин Хайрулло Сафарзода ба мутахассисин супориш дод, ки барои мустаҳкамии иловагӣ ҳам фарш, ҳам деворҳои толори мошинҳо бо гулмехҳо дӯхта шаванд. Ин масъалаи таҳкимбахшӣ бо ҳаверса ва сифати комил анҷом ёфт.
Хайрулло Сафарзода аз сангиосиёбтарошон ва осиёббонҳои куҳансоли Файзободу Оби Гарм борҳо шунида буд, ки аз сангҳои кӯҳи Укобон барои чархи осиёб ончунон сангҳои қавие тарошида мешаванд, ки дар осиёбҳо ба тӯли садсолаҳо хизмат намуда, ғаллаҳои ҳар навъи мардумро маҳин орд мекунанд ва боз ҳам тоб мехӯранду тоб мехӯранд...
Роҳбари сохтмони Неругоҳи Роғун баъзан чандин ҳафта пайи ҳам шабу рӯз ва дар рӯзҳои истироҳат низ масруфи кор гардида, ба хабаргирии модар фурсат намеёфт. Боре модар баъди яке аз чунин таътилҳои тӯлонӣ чун дидорбинӣ бо фарзанди арҷманд имкон дод, ба вай гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё