Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
- Хайруллои ҷон, бачай ман будӣ, акнун бачай давлат шудӣ. Худои таъоло ҳамеша кушоиши кори туро бидиҳад, Илоҳо...
Роҷеъ ба сохтмони банди муҳофизатии сойи Оби Шӯр беш аз ҳама муҳандиси дар ҷаҳон машҳуру маъруф профессор Ифтихор Халил эрод мегирифт. Аслан ӯ покистонӣ буда, яке аз мутахассисини варзидаи Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳисоб меёфт.
Зимни сафари профессор Ифтихор Халил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Сафарзода бо ӯ мулоқот дошт ва ҳамроҳ нуқтаҳои асосии сохтмони Неругоҳи Роғунро муоина намуданд. Возеҳ буд, ки шаҳомату бузургии иншооти барқи кишвари мо ба ӯ таассуроти амике гузоштааст. Вай аз умқи дил таассуф мехӯрд, ки дар ватанаш Покистон рӯдҳо чунин резиш надоранду пуроб нестанд ва дар онҳо сохтмони ин зайл неругоҳҳои муқтадир ғайриимкон аст.
Профессор Ифтихор Халил, албатта, ба сифати намояндаи соҳибэътибори Бонки Умумиҷаҳонӣ вазифаҳои зиёде дошт ва бештар ба он саъй менамуд, ки ин маъмурияти худашро ба хубӣ ба иҷро расонад.
Ҳине ки Хайрулло Сафарзода ба профессор Ифтихор Халил сойи шайтанатбоз ва арбадасози Оби Шӯрро нишон дода, чун ҳикоят намуд, ки дар селборонҳои баҳорон ин сой тамоман лабрезу кафкпош мегардад ва бо мавҷҳои гилолуди он сангҳои панҷ-даҳ-бист-чилтоннагӣ чун себ шино карда меоянду ҷараёни баландсуръати Вахшрӯдро нигоҳ медоранд ва дарё дар ин лаҳзаҳо дам мехӯрад. Мутахассисини шӯравӣ ин хислатҳои вайронкоронаи сойро дақиқан таҳқиқ намуда, тасмим гирифта буданд, ки дар се минтақаи он се адад банди муҳофизатӣ бисозанд ва ба ҳамин тадбир бар муқобили тазвири ин сой бароянду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё